Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази вогиршиносӣ соҳиби маркази иттилоотӣ шуд


Бо мусоидати молии Амрико ва давлати Канада маркази вогиршиносӣ ва пажӯҳишгоҳи амрози дастгоҳи гувориш ва ё узвҳои ҳозимаи Тоҷикистон соҳиби марказҳои муосири иттилоотӣ гардиданд. Ин ду кишвар ҷиҳати ташкили марказҳои иттилотӣ ва таъмини онҳо бо компютер ва соир васоити пешрафтаи мухобиротӣ 250 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додаанд. Бино ба иттилои дафтари тоҷикистонии маркази байналмилалии равобити илмӣ, ки гушоиши марокизи иттилоотӣ дар доираи барномаи вижаи он сурат гирифтааст, қарор аст, дар чаҳорчӯби ин барнома ҳамчунин дар 6 муассисаи дигари илмии Тоҷикистон низ марказҳои мушобеҳ роҳандозӣ шаванд. Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд гушоиши маркази итттилотии назди пажӯҳишгоҳи амрози узвҳои ҳозима ва бунгоҳи вогиршиносии ин кишварро дар амри рушд ва тақвияти маҳофили илмии Тоҷикистон боаҳамият арзёбӣ намуд. Ғиёсиддин Меҳроҷов, академики фарҳангистони улум ва раиси пажӯҳишгоҳи амрози узвҳои ҳозимаи Тоҷикистон гуфт, гушоиши маркази иттилотӣ имконоти табодули илмии кормандони ин пажӯҳишгоҳро дар оянда васеъ месозад. То кунун бо кӯмаки молии давлати Амрико дар Тоҷикистон 14 тарҳи илмӣ, ки маблағи умумияшон беш аз се миллион доллар будааст, мавриди иҷро қарор гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG