Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садои дилҳо" дар Душанбе танин меандозад


ДУШАНБЕ, 20 сентябр. Ба иттилоъи Раҷабмад Амиров - вазири фарҳанги кишвар дар ин озмун театрҳои касбии ҳунарҳои мардумӣ аз 12 кишвари олам ширкат доранд. Муҳаммаднасим Мадёров - муовини раиси ситоди фестивали байнулмилалии «Садои дилҳо» мегӯяд, то соате, ки гузориш омода мешуд, ҳунармандон аз 10 кишвар, аз ҷумла, Русия, Ирон, Амрико, Ҳиндустон, Олмон, Озарбойҷон ба Душанбе омадаанд.

Халифабобо Ҷумъазода - сухангӯи ситоди озмун меафзояд, гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Олмону Амрико, Ирону Афғонистон ва соири кишварҳои Осиӣи Марказӣ шурӯъ аз шоми 21 сентябр дар майдони назди театри Опера ва Балети ба номи Айнии пойтахт ҳунарнамоӣ мекунанд. Муҳаммаднасим Мадёров мегӯяд, «Тибқи барномаи фестивал ҳар рӯз се театр, бо забонҳои англисиву олмонӣ, русиву тоҷикӣ ва ӯзбакиву қазоқӣ тӯли ду соат ҳунарнамоӣ хоҳад кард.»

Шурӯъ аз 21 сентябр театрҳои мардумӣ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ мекунанд. Профессор Насруллоҳ Станикзай - муовини вазири иттилоот, фарҳанг ва ҷаҳонагардии Афғонистон мегӯяд, «Ҳунармандони афғонӣ суруду таронаҳои мардумии ин кишварро ба тоҷикистониён муаррифӣ мекунанд»

Аҳмадалӣ Ҳомидов - масъули намояндагии театри ҳунарҳои мардумии «Қози Хокистарранги Пир»-и иёлати Маямии Амрико мегӯяд, «Гурӯҳи мазбур сурудҳои дар марзи Канадаву Амрико маъруфро пешкаши аҳли завқ мекунад»

Сарпараст ва ҳомии молии озмуни байналмилалии «Садои Дилҳо» президенти Тоҷикистон аст. Дар ин озмун, ки усулан ба ҳунарҳои мардумии кишварҳои ориётабор марбут аст, Тоҷикистонро ансамбли тарона ва рақси Тоҷиксемент муаррифӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG