Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 26 шаҳрванди тоҷик дар Қазоқистон


Дар вилояти Павлодар дар шимоли Қазоқистон марзбонони қазоқ 26 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми доштани асноди ҳиҷратии қалбакӣ боздошт намудаанд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба хадамоти марзбонии кумитаи амнияти миллии Қазоқистон навиштааст, дар як гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади Қазоқистон бо Русия ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои мусофирони як мусофирбар аз 26 шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ дарёфт шудааст. Дар баёнияи хадамоти марзбонии Қазоқистон, ки Интерфакс ба он истинод меорад, омадааст, ки аз рӯи ин қазия парванда боз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG