Пайвандҳои дастрасӣ

Назари коршиносон ба интихоботи порлумонии Афғонистон


Коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик, мегӯянд, пас аз интихобот дар Афғонистон як порлумоне дар ин кишвар сари кор хоҳад омад, ки дар истиқрори қонунумандӣ ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат хоҳад кард.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, доираҳои сиёсӣ, нухбагони қавмиву динии Афғонистон ба интихобот бо масъулияти баланд бархӯрд кардаанд ва расонаҳои иттилоотии давлативу хусусӣ тавонистаанд, мардумро аз барномаи номзадҳо хуб огоҳ кунанд. Аз ин рӯ, имкон дорад як ҳокимияти қонунгузори озодтару воқеъбин ба арса ояд.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон дар сатҳи интихоботи кишварҳои мутараққӣ нагузашт, вале аз маъракаҳои ҳамгун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дида бештар демократӣ ва шаффоф хоҳад буд. Оқои Кабирӣ афзуд, интизор дорад солҳои наздик Афғонистон ба як воҳа ё минтақаи демократия табдил ёбад.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва худи ин кишвар падидаи нав аст. Вай афзуд, сари кор омадани ин порлумон саҳифаи наверо дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон боз мекунад. Ба эътиқоди ӯ, акнун порлумонҳои ду кишвар низ метавонад дар оянда ҳамкориҳои васеъ дошта бошанд.
Ҳамин тавр, таҳлилгарон ва коршиносони Тоҷикистон бар инанд, ки ба сари кор омадани порлумони демократӣ дар Афғонистон метавонад бо навиштан ва ба тасвиб расонидани қавонин пеш аз ҳама дар роҳи мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ дар минтақа шароити солим ба вуҷуд орад ва ба оромию субот дар Афғонистон мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG