Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомиёни амрикоӣ дар Душанбе


Як ҳайат аз вазорати дифои Амрико дар Душанбе роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи таслиҳоти ҳаставӣ ва маводи тавлидкунандаи ин аслиҳа аз марзи Афғонистон ва масоили таҳкими сарҳад бо ин кишварро бо мақомоти Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст. Тибқи иттиллои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон идомаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши афсарони тоҷик ва ироаи таҷҳизоти фаннӣ ба марзбонони ин кишвар аз мавзӯоти дигари сӯҳбати ҳайати се нафараи дафтари барномаҳои байналмилалии ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти ҳастаии вазорати дифои Амрико бо масъулини вазорати умури хориҷа, адлия, вазорати даромад ва пардохт, кумитаи марзбонӣ ва оҷонси амнияти радиоактивии назди академияи улуми Тоҷикистон будааст. Ҳарлен Стросс, мудири дафтари барномаҳои байналмилалии ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти ҳастаӣ дар вазорати дифои Амрико ва раҳбари ҳайати мазкур дар ҷараёни мулоқоташ бо Сироҷиддин Аслов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бар зарурати таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон таъкид ва ҳамзамон имкони интиқоли силоҳи ҳастаӣ ва маводи тавлидкунадаи ин силоҳ ба қаламрави Тоҷикистонро таҳдид ба амнияти минтақа арзёбӣ кардааст. Ҷаноби Стросс гуфтааст, ҳукумати Амрико минбаъд низ дар амри ҳифзи марзи ин кишвар бо Афғонистон кӯмакҳои фаннӣ ва низомии худро афзоиш хоҳад дод. Ҳукумати Амрико зимни иҷрои чанд тарҳ дар Тоҷикистон то кунун ба маблағи бештар аз нӯҳ миллион доллар ба марзбонони тоҷик кӯмакҳои техникӣ ва техникӣ- низомӣ кардааст. Сафари ҳайати низомии Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр ба анҷом мерасад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG