Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми театрҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Ҳомии аслӣ ва маблағгузори форум Бунёди Сорос аст. Гуландом Набиева - вобастаи фарҳангии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, ситоди будапештии Сорос барои баргузории ин ҳамоиш 32. 000 ва бунёдии маҳаллии Сорос 7.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардаанд. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ ташкилоти маҳаллии Сорос сафари ҳунарии театрҳоро маблағгузорӣ кардаанд.

Нуруллоҳи Абдуллоҳ- муовини раиси иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон мегӯяд, «Дар форум театршиносон аз Фаронса, Олмон, Маҷористон, Афғонистон ва соири мамолики Осиёи Марказӣ барои харидорӣ ва ба саҳнагузории беҳтарин намоишномаҳо ширкат доранд».

Исо Абдурашидов, садри театри ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ мегӯяд, театрҳои тоҷикистонӣ тасмим гирифтаанд, дар ин форум усулан такя бар истеъдоди ҳунармандони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳи ҳунарҳои зебо намоянд: «Дар ин форум хориҷиҳо ҳастанд ва ба назари ман онҳо бояд корҳои ҳунармандони ҷавон ва режиссураи ҷавони Тоҷикистонро бубинанд. Аз ин рӯ мо ҳунармандони ҷавон ва панҷ тан аз донишҷӯёнро барои нақшофарӣ таклиф кардаем».

Дар форум 4 театри касбии шаҳри Душанбе, театрҳои ба номи Лоҳутӣ, "Падида", ба номи Маяковский, "Аҳорун" бо шумули театрҳо аз кишварҳои ҳамҷавор ҳунарнамоӣ мекунанд. Ва аммо падидаи назарраси форуми дуввуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ нахустнамоиши театр - студияи «Офтоб»-и Афғонистон гардид. Театри мазкур, намоиши «Ромео ва Ҷулйетта»-и Шекспирро дар тарҷумаи дарӣ ва ширкати донишҷӯёни Кобул дар толори театри русии Маяковскии пойтахти Тоҷикистон пешкаши аҳли завқ гардонид.
XS
SM
MD
LG