Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои Тоҷикистон


CA Роҳ барои кишваре чун Тоҷикистон чӣ маъно дорад? Оё роҳҳои кишвари мо дарвоқеъ пайвандгари мамлакат ва шарёнҳои хун дар ҷисми ватананд? Ба фикри шумо, оё дуруст аст, ки роҳҳо хусусӣ карда шаванд?

Бе баҳси мо ҳам ҳукумат хуб медонад, ки роҳҳоро чӣ кор кунад. Фақат ин ҷо муттаҳидии ҳамаи соҳаҳои масъули роҳ зарур аст, ки фармону барномаҳои мақомоти болоӣ то поён расаду софдилона иҷро шавад. Коркунони идораҳои сохтмони роҳ агар дар таркиби асфальт (мум, қатрон) каме аз калимаи "виҷдон"-ро низ ҳамроҳ мекарданд, аз дуои "нек"-и ронандагон "баҳравар" намегаштанд.
Илҳом
----------------------------------------
Агар бигӯем, барои кишваре чун Тоҷикистон роҳи утумубилрав (мошингард), ягона воситаи ҳаракату интиқоли бор дар ин мамлакати саросар кӯҳистонист, иштибоҳ нахоҳем кард. Зеро бо пайдо шудани камтарин пораи абр дар осмони Тоҷикистон ҳавопаймо ба манотиқи Зарафшону Бадахшон, водии Рашт парвоз карда наметавонанд. Аз ин рӯ тамоми фасли сол мебояд, роҳҳои заминӣ боз ва мавриди истифода бошанд.
Дар бораи роҳҳои имрӯзаи кишвар метавонам бигӯям, ба ҳеч ваҷҳ ҷодаҳои муосири мо пайвандгари мамлакат ва шарёнҳои хун дар ҷисми ватан нестанд. Кофист, ки ба харобиҳои роҳҳо дар дили Ватан - шаҳри Душанбе як назар андозем: Вазъи ҷодаҳои Душанбе бозгӯи вайронаҳои ШОҲРОҲҲОИ бузург ҳастанд. Ва дар фарҷом, ба суоли ахири шумо, азизон, гуфтаниям, НА ва боз НА! Ҳаргиз роҳҳои Тоҷикистонро набояд фурӯхт ва ё хусусӣ кард. Мегӯед чаро? Мисоли рӯшани хусусигардониро ман дар шахсикунонии Корхонаи яхдонбарории шаҳри Душанбе дидам. Пас аз он ки ин муассиса ба дасти чанд шахси аз соҳа дур афтид, аз ин коргоҳ на хатти нави технологӣ монду на болопӯш, ҳатто хишту тахтахои саҳни ҳавлии корхонаро канда ба савдо заданд. Замони қабл дар иттиҳодияи мазкур 4000 нафар кор мекард, айни ҳол на бештар аз 15-20! Нашавад, ки бо фурӯхтани роҳҳои кишвар, қубурхои обгузари зери ҷодахо ва хаттҳои алоқа ва дурпайванд (коммуникатсионӣ) низ ба яғмо раванд? Ё чи гуфтед?
Хайр бо сипоси бепоён.
Хилватшоҳи Маҳмуд
--------------------------------------------
Роҳ бояд давлатӣ бошад. Роҳ воқеан барои иқтисоди кишвар нақши муассир дорад. Роҳи фарохро боз кардан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон хеле зарур аст.
Додварз
-------------------------------------------
Ба назари ман, роҳ нишондиҳандаи дараҷаи рушди ҳар кишвар аст. Бидуни роҳ ҳеҷ як давлате наметавонад, давлати ягона ва пешрафта бошад, зеро роҳ муҳимтарин омили пайвандкунанда мебошад. Роҳҳо инчунин аз назари стратегӣ барои ҳар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ доранд. Имрӯз Тоҷикистон агар мехоҳад, аз лиҳози иқтисодӣ ва ваҳдати миллӣ тараққӣ кунад, бояд роҳҳои босифат дошта бошад.
Бо хусусигардонии роҳҳо ман розӣ шуда наметавонам, чунки роҳҳо бояд моликияти миллӣ бошанд. Онҳо бояд бо маблағи шаҳрвандон, заҳмати онҳо ва аз буҷаи давлат сохта шаванд. Агар роҳҳо моликияти хусусӣ шаванд, ин зарари бепоёне ба амнияти миллӣ ва ба ҳар як шаҳрванд буда метавонад.
Ромин Ҳодизода,
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

-----------------------------------------
Ман фикр мекунам, ки агар роҳ моли хусусӣ шавад ё заводҳо ва ё он ҷое ки дар дасти давлат буд, пас давлат барои чӣ даркор аст?
Комилхон
------------------------------------------
Бисёр ҳам дуруст аст, ки раҳбари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба сохтмони роҳи зеризаминии Анзоб ва дигар роҳҳо диққати зиёд медиҳад. Кишвари мо кӯҳсор аст ва роҳҳои зеризаминӣ ҳамаи қисматҳои мамлакатро ба ҳам васл карда, табиати зебои онро ҳифз мекунад. Бояд нақбҳо бисёртар сохта шавад.
Бо эҳтиром,
Назира
----------------------------------------
XS
SM
MD
LG