Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзиҳои навбатии "Вахш" ва "Регар" ТадАЗ


Натоиҷи бозиҳои даври 11:

«ХИМА» (Душанбе) 3 - 4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
«Регар» ТадАЗ (Турсунзода) 1 - 0 CSKA (Душанбе)
СКА «Помир» (Душанбе) 1 - 0 «Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 - 1 «Саройкамар» (Панҷ)
«Равшан» (Кӯлоб) 3 - 1 «Данғара» (Данғара)

Ба ин тартиб, «Вахш» бо 28 имтиёз мақоми аввалро ишғол мекунад. «Регар» ТадАЗ бо 26 имтиёз дар зинаи дуввум қарор гирифтааст. «Парвоз» бо 20 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.

Шӯҳрат Шамсиев, аз дастаи «Хуҷанд» ва Аҳтам Ҳамроқулов, аз «Вахш», ки ҳар кадом ба дарвозаи ҳарифонашон ҳашттӯбӣ задаанд, беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот маҳсуб мешаванд.

Даври дувоздаҳуми мусобиқот рӯзҳои 24 ва 25 сентябр баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG