Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон


Кормандони марказҳои интихоботӣ дар Афғонистон ба ҷамъоварии баргҳои овоздиҳӣ ва шумориши ройҳо дар интихоботи порлумон ва шӯроҳои вилоятии ин кишвар машғуланд. Ин аввалин интихоботи ниҳоди қонунгузори Афғонистон дар 35 соли охир аст. Бо вуҷуди хушунат ва таҳдидҳои гурӯҳи тундрави Толибон миллионҳо нафар дар овоздиҳии рӯзи якшанбе иштирок карданд. Раиси ҳайъати муштараки ташкили интихобот Бисмиллоҳ Бисмил интихоботро як дастоварди таърихӣ номид.Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ҳангоми овоздиҳӣ гуфт, бо ширкати худ дар интихобот мардуми кишвараш таърихи нави Афғонистонро эҷод мекунад. Шореҳон мегӯянд, иштироки намояндагони тундрави гурӯҳи Толибон ба сифати номзад дар интихобот метавонад, ба бозгашти ақидаҳои тундгароии мазҳабӣ дар Афғонистон сабаб шавад. Вале мақомоти Кобул мегӯянд, ин иштирок ба густариши сиёсати оштии миллӣ мадад хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG