Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ аз бархе матолиби нашрияҳои маҳаллӣ норозист


Раҳматулло Валиев, ноибраиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аъзои ҳизб пас аз шурӯъи мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ин ҳизб аз баргузории нишастҳои матбуотӣ ва ибрози назар дар расонаҳо оид ба ин қазия бо ҳадафи ворид накардани халал ба раванди мурофиа худдорӣ мекарданд. Вале дар ҳамин ҳол, интишори чанд матлабе дар ин мавзӯъ, ба гуфтаи ҷаноби Валиев хавфи таъсири барои ҷаноби Искандаров манфӣ дар раванди мурофиаи ӯро эҷод кардааст. «Ҷумҳурият», нашрияи ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи худ гузориши матбуотии додситонии кулли Тоҷикистонро зери унвони «Гуноҳи Искандаровро танҳо суд муаяйн мекунад», чоп намуда буд.

Ҷаноби Валиев мегӯяд, сарлавҳаи ин мақола мантиқан бозгӯи воқеъият бошад ҳам, худи матлаб муғризона ва як навъ фишор ба мурофиа мебошад. Зеро аз рӯи ҳар як моддае, ки Искандаровро айбдор мекунанд, танҳо додгоҳ ҳаққи баҳо додан дораду халос. Дар гузориши мазкур бошад ҳар гуна баҳодиҳӣ ва хулосабарориҳои пешакӣ эҳсос мешавад. Ин мувофиқи кодекси мурофиавии додгоҳӣ ҳамчун фишор ба мақомоти додгоҳӣ маънидод мешавад.

Ҳафтаномаи мустақили «Азия Плюс» матлаби таҳлилиеро дар мавриди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов нашр ва дар он матлаб аз ин афрод ба унвони сарони олами ҷиноии Тоҷикистон ном бурда буд. Шарҳи Раҳматулло Валиев дар ин маврид:

«Дар мавриди мақолаи «Азия - Плюс» садорати ҳизб иброз менамояд, ки муаллиф қасдан раиси воқеъии ҳизби сиёсӣ будани Искандаровро нодида гирифта ӯро чун намояндаи ҷаҳони ҷиноӣ муаррифӣ намуда бо эътибори сиёсии ӯ иснод овардааст.»

Ҳизби Демократии Тоҷикистон аз интишори ҳар гуна матолиби ба андешаи садорати ҳизб иғвоангезона ва бӯҳтонолуда эътироз намудааст ва хостори худдорӣ аз ибрози назарот то эълони ҳукми додгоҳ гаштааст.


Ин хатро пахш бикунед ва маълумоти бештар дар бораи қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бигиред!
XS
SM
MD
LG