Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Аврупо барои тақвияти марзи Тоҷикистон


Сӯҳроб Қаҳҳоров, мудири Барномаи мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар умури марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барнома як конфронси байналмилалиеро таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири амният ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон» дар Душанбе баргузор хоҳад кард. Вай афзуд, ҳадафи аслии конфронс ҷалби кишварҳои сармоягузор ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорон дар ин роҳ мебошад:
"Ин конфронси дуввум дар чаҳорчӯби Барномаи мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар умури марз ва коҳиш додани густариши маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ аст. Барномаро Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мекунад ва дар доираи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид пиёда мешавад. Ҳадафи конфронс боло бурдани амният дар Тоҷикистон, минҷумла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст."
Оқои Қаҳҳоров афзуд, дар конфронс ҳамчунин эҳтиёҷ ва ниёзмандии мақомоти масъули Тоҷикистону Афғонистон дар ҳифозати марз ташхис карда шуда, роҳҳои сармоягузории он муайян карда хоҳад шуд. Дар назар аст аз ҷумлаи давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо маблағгузоории баъзе аз тарҳҳоро бар ӯҳда бигиранд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG