Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари гузоришгари СММ ба Тоҷикистон


Қарор аст, Леандро Деспоу - гузоришгари хоси Кумисcиёни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури мустақилияти додрасҳо ва вакилони дифоъ бо як сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон сафар кунад. Леандро Деспоу, баъди анҷоми боздиди 5 рӯзааш аз Қирғизистон 25 сентябр ба Душанбе меравад.
Тибқи иттилоъи Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Леандро Деспоу қасд дорад, пешравиҳои Қирғизистону Тоҷикистонро дар робита ба ислоҳоти низоми додгоҳӣ, аз ҷумла мустақилияти додрасҳо ва дастрасӣ ба додгоҳҳо таҳқиқ кунад.
Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон гузоришгари вижаи Созмони Милал бо намояндагони ҳукумат, Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл мулоқот мекунад. Ҳамчунин дидори ӯ бо намояндагони Иттиҳоди вакилони мудофеъи Тоҷикистон, олимон ва созмонҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шудааст. Ӯ пас аз анҷоми сафараш натоиҷи таҳқиқоти худро дар Тоҷикистону Қирғизистон дар нишастҳои баҳории Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш хоҳад дод.
Моҳи июл баъд аз баррассии гузориши солонаи Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал изҳори нигаронӣ карда буд, ки додрасҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва побанди мақомоти давлатӣ мебошанд. Ин созмон ҳамчунин аз Тоҷикистон хост, то мустақилият ва бетарафии додрасҳоро тазмин диҳад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG