Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду вазифаи аслии муҳоҷирони корӣ


Ба таъкиди ағлаби ширкатдорони иҷлоси нахустини порлумони Авруосиё дар мавриди муҳоҷират, ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, яке аз омилҳои ба мушкилот дучор гардидани муҳоҷирон надонистани забон ва қонунҳои кишвари муҳоҷирпазир аст.

Вадим Густов - раиси кумитаи умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустакили Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, ки ағлаби муҳоҷирони тоҷик, ки ба ин кишвар меоянд, забони русӣ ва қонунҳоро намедонанд. Дар Русия ба гуфтаи оқои Густов, беш аз 400 ҳазор муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта байни Русияву Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирати корӣ қарордоде ба имзо расид, ки он ба муҳоҷирони ҳар ду кишвар суҳулиятҳои зиёдеро ба вуҷуд меоварад. Ин ҳуҷҷат аз ҷониби порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва то охири сол порлумони Русия низ онро ба тасвиб хоҳад расонд, гуфт оқои Густов.

Вай таъкид кард, алъон Русия ба 1 миллион нафар нерӯи корӣ ниёз дорад. Аз сӯи дигар, аз соли 1991 то кунун аҳолии кишварҳои муштаракулманофеъ 2,7 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Шумораи аҳолии қораи Аврупо бошад, тибқи ҳисоби мутахассисин, то соли 2050 100 миллион нафар кам хоҳад шуд. Ба таъкиди ширкатдорони иҷлос, муҳоҷират дар ҳалли мушкили коҳиши нуфус ва камбуди ҷойи кор мусоидат хоҳад намуд.

Саидмуҳаммад Одинаев - муовини раиси кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм ва фарҳанг гуфт, ба ҷуз аз созишнома бо Русия, ҳукумати кишвараш чанд ҳуҷҷати дигаре қабул кардааст, ки масъалаи муҳоҷиратро ба низом медароранд:

"Тоҷикистон Қонуни муҳоҷират, Консепсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва соли 2005 қарор дар бораи ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ қабул кардааст."

Кубаничбек Исобеков - раиси кумиссиюни порлумонии муҳоҷирати порлумони Қирғизистон гуфт, бархе аз асноди ҳуқуқии Русия ва дигар кишварҳо барои муҳоҷирони корӣ маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Аз ҷумла, барои сабти номи муҳоҷирон дар бархе аз кишварҳо аз 3 то 5 рӯз пешбинӣ шудааст, ки ин ба пиндошти оқои Исобеков хеле кам аст. Дар Қирғизистон бошад, гуфт депутати порлумон, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2 моҳ бидуни сабти ном иқомат карда метавонанд.

Дар иҷлос таъкид гардид, яке аз самтҳои вижае, ки кишварҳои Аврупо бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ намоянд, ин мубориза алайҳи қочоқи инсон аст.

Ба гуфтаи ағлаби ширкатдорон, идомаи чунин муколамаи намояндагони порлумонии кишварҳои Авруосиё, ки бо ибтикори Кумитаи муҳоҷират, паноҳандагон ва демографияи Маҷмааи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Сенати порлумони Қазоқистон доир гардид, ба суди кишварҳои ҳарду қора аст.
XS
SM
MD
LG