Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози як мурофиаи ғайриоддӣ дар Суғд


Пас аз 7 моҳи баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон барои аввалин маротиба дар вилояти Суғд як соҳибмақоми ҳукуматӣ бо иттиҳоми халал ворид намудан ба ҷараёни интихобот ба курсии айбдоршаванда кашида шудааст. Аюб Неъматов - сарвари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Конибодом тибқи се банди асноди ҷиноии Тоҷикистон - ба монеъ шудан ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ, таҳияи асноди сохта, ҳисоби нодурусти овозҳо ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам мешавад.
Муҳокимаи ӯ дар додгоҳи Конибодом рӯзи 16 сентябр оғоз ёфт. Ба ҳайси даъвогари аслӣ дар мурофиа вакили пирӯз дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 19-и Конибодом Юсуф Аҳмадов ширкат мекунад. Юсуф Аҳмадов ба интихоботи 27 феврал ҳамчун номзади ғайриҳизбӣ дохил шуда, бо бартарии овоз ду рақибаш, аз ҷумла намояндаи ҳизби ҳокими халқии демократиро шикаст дода буд.
Дар ҳоли ҳозир вай раиси кумитаи оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аст.
Юсуф Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давраи интихобот ҳукумати Конибодом дар шахси раиси дастгоҳи он, бо тарғиб ва фишор болои номзадҳои дигар мехост номзади худ - Баҳром Шариповро, ки аз ҳизби халқии демократӣ намояндагӣ мекард, соҳиби курсии вакилӣ гардонад.
Ӯ гуфт, нахуст комиссияи ҳавзавӣ бо фишори мақомот номзадии ӯро баъди се рӯзи мӯҳлати ниҳоӣ бо дахолати бевоситаи Комиссияи марказии интихобот дар Тоҷикистон сабти ном кардааст. Дуввум, дар марҳилаи шумури овозҳо раиси дастгоҳи ҳукумати Конибодом бо роҳи тақаллуб ба асноди ҳафт қитъаи раъйдиҳӣ бар фоидаи ҳарифи Юсуф Аҳмадов тағйирот ворид карда ва хостааст, ӯро аз пирӯзӣ маҳрум созад.
Вале айбдоршаванда - Аюб Неъматов баъди анҷоми рӯзи аввали мурофиа гуфт, иттиҳоми нисбаташ воридшударо рад мекунад. Қарор аст мурофиаи мазкур рӯзи душанбеи 19 сентябр идома ёбад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Конибодом-Хуҷанд
XS
SM
MD
LG