Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти 190 корхонаи Тоҷикистон


Кумитаи омори Тоҷикистон дар пайи интишори як гузориш эълом дошт, ки моҳи гузашта 187 корхонаи ин кишвар аз фаъолият бозмондаанд, вале Талбон Бухориев, сарвари раёсати рушди саноатии вазорати иқтисод гуфт, корхонаҳое аз фаъолият бозмондаанд, ки мавсимӣ мебошанд.
Ӯ афзуд, корхонаҳое низ ҳастанд, ки ба мушкилоти истеҳсолотӣ ва бозорӣ мувоҷеҳ шудаанд ва камбуди маблағ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти корхонаҳо мӯҷиби аз кор бозмондани онҳо гаштааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ба дувуним миллиард сомонӣ, муодили 850 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Бо вуҷуди афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ, содироти ин навъи мол ҳудуди якуним миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин дар қиёс ба соли гузашта се дарсад кам аст. Насиба Зокирова, сармутахассиси рушди иқтисоди содиротии вазорати иқтисод ва тиҷорати кишвар гуфт, қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо ба коҳиши содироти кишвар муносибате надорад. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии кам шудани маблағи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар паст рафтани қиммати аввалияи пахта ва алюминий аст.
Хонум Зокирова афзуд, азбаски алюминийи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ бо арзиши гаравӣ тиҷорат шудааст, аз ин рӯ, даромад низ хеле кам ворид шудааст. Ба қавли хонум Зокирова, арзиши гаравӣ ин аст, ки бидуни каму зиёд шудани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ маводи фурӯхта мешуда бо нархи мувофиқашуда тиҷорат мешавад. Аз ин рӯ, поин рафтани қимати он дар бозори ҷаҳонӣ ҳаҷми маблағи даромад аз алюминийро кам кардааст. Ба таъйиди хонум Зокирова, 63 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии содироти кишварро алюминий ва 16 фисадро пахта ва 5 дарсадро қувваи барқ дарбар мегирад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG