Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймон дар садади ташкили нерӯҳои ҳомии сулҳ


Созмони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ барнома дорад, нирӯҳои ҳомии сулҳ ташкил намояд. Ба гуфтаи Виталий Струговсев, намояндаи расмии ин ниҳод, раиси Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар ин робита ба сарони кишварҳои узв нома ирсол кардаст.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст масъалаи мазкур дар нишасти вазирони дифоъ ва умури хориҷа дар моҳи ноябр баррасӣ шавад. Сухангӯи паймон афзуд, бино ба тарҳ ҳар як кишвари узв иҷрои яке аз соҳаҳои низомиро бар ӯҳда хоҳад гирифт, яке силоҳу муҳимот, дигаре таъмини ғизо ва цайра.
Виталий Струговсев ҳамчунин хабар дод, ки тарҳи созишномаи ғайриқонунӣ эълом кардани созмонҳои ифротгаро дар қаламрави кишварҳои узв дар ҳоли таҳия шудан аст. Паймони амнияти дастаҷамъӣ 18 сентябри соли 2003 барои таъмини субот дар густураи кишварҳои муштракулманофеъ бо ибтикори Маскав ташкил шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG