Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои нави соҳибкорони Панҷакент


Субҳон Каримов - раиси Маркази дастгирӣ ва мусоидат ба соҳибкории шаҳри Панҷакент гуфт, вазифаи ин марказ қабл аз ҳама барқарор кардани ҳамкориҳои соҳибкорони панҷакентӣ бо тоҷирони ватаниву хориҷӣ аст. Вай афзуд, яке аз самтҳои аслии дигари фаъолияти онҳо боз кардани роҳи тоҷирони ин шаҳр ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ба гуфтаи Субҳон Каримов, феълан музокироти марказ бо ширкатҳои туҷории Покистон шурӯъ шудааст. Ҳоло ҳудуди 300 соҳибкор, ба шумули тоҷирону соҳибкорон, раҳбарони воҳидҳои кишоварзӣ, корхонаҳои хурд ба узвияти Маркази дастгирӣ ва мусоидат ба соҳибкорӣ пазируфта шудаанд.
Ба қавли Субҳон Каримов, ба зудӣ бо 7 ширкат ва марказҳои тиҷоратии шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, аз қабили ширкатҳои "Вавилон", "Империя", "Доро", бозорҳои "Корвон", "Султони Кабир", корхонаи "Сим Сим" ба имзо хоҳанд расид. Ин ниҳод қасд дорад, бо мадади Маркази соҳибкории шаҳри Душанбе бо ширкатҳои гуногун ва тоҷирони Русия то охири соли равон ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG