Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дарди сахти соҳаи маорифи Тоҷикистон


Носирҷон Маъмурзода

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар навоҳии Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи Кӯҳистони Бадахшон сохтмони як силсила макотиби нави ҳамагонӣ ҷараён дорад. Вай инчунин гуфт, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон низ барои қирғизтаборони ин маҳал як таълимгоҳи нав бунёд намояд. Вазири маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ин вилоятро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, дар макотиби шарқи Тоҷикистон танҳо 99 омӯзгор намерасад. Ин дар ҳолест, ки афзуд ҷаноби Раҳмонов, феълан барои кор дар макотиби ҳамагонии саросари кишвар лозим аст, ҳудуди нӯҳ ҳазор омӯзгор ҷалб карда шавад.

Ҳамзамон Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни ҷой доштани ҳолатҳои ришваситонии устодон дар макотиби ҳамагонӣ ва олии кишвар гуфт, ин гуна мисолҳо ҳамчунин дар кори баъзе шӯъбаю идораҳои маорифи шаҳру вилоятҳо низ ба чашм мерасанд: "Ин камбудиҳое ҳастанд, ки аз солҳои пешин боқӣ мондаанд, лекин мо кӯшиш карда истодаем ба аҳли маориф фаҳмонем, ки ин кори хато, ҷурми нобахшиданӣ ва гуноҳи азим аст. Дирӯз ман бо ҳамаи раисони донишгоҳу донишкадаҳо муддати се соат сӯҳбати тӯлонӣ доштам ва яке аз масъалаҳое, ки мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дошт, ришваситонии устодони макотиби олӣ мебошад. Ин ахлоқи ғайриҳамида моро ба ташвиш оварда истодааст."

Вазири маорифи кишвар мегӯяд, ниҳоди вай қасд дорад, бо ҳамдастии мақомоти интизомӣ дар роҳи бозгардонии кӯдакону наврасон аз кӯчаву бозор барои таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ чораҳои мушаххасеро пайгирӣ намояд. Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, волидон бояд дарк намоянд, ки саводнок кардани фарзандашон аз вазоифи аслии онҳо маҳсуб мегардад. Ба қавли ҷаноби Раҳмонов, агар волидон мушкили иқтисодӣ доранд, метавонанд аз хизмати парваришгоҳҳо истифода баранд:

"Кӯшиш карда истодаем, фарзандоне, ки берун мондаанд, онҳоро ҷалб кунем, лекин баъзе интернатҳои мо ҳозир талаба надорад. Падару модарон шарм мекунанд, ки фарзандони худро ба он ҷо биёранд. Ҳастанд фарзандони душвортарбия, мо мактабҳое дорем, ки барои онҳо ҳам имкони таҳсил дода мешавад."

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Раҳмонов ба ин суол, ки оё дар воқеъ низомномаи нави хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи маориф таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар ирсол шудааст, гуфт: «алъон ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар сурати татбиқ гардидани он, соҳаи маориф ва таҳсили хонандагон сифатан беҳтар хоҳад шуд».
XS
SM
MD
LG