Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқоти футбол ва баскетбол


АЗ МАЙДОНҲОИ ФУТБОЛ

Даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 17 сентябр бо дидори СКА «Помир»-и Душанбе ва тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз мешавад. Дар се бозии дигар, ки рӯзи шанбе сурат мегирад, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва CSKA-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Саройкамар»-и Панҷ , «Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара рақобат хоҳанд кард. Бозии охирини даври навбатӣ рӯзи якшанбеи 18 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаи мизбон - «ХИМА» ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

«Вахш» дар айни ҳол бо 25 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. Ба назари коршиносон ин ду даста муддаиёни аслӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мебошанд.

Карим Тошпӯлодов, сармураббии дастаи «Хуҷанд» ба Радиои Озодӣ дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт:
«Вахш» дастаи хубу ҷавон ва умедбахш аст. Ин даста барои қаҳрамони ҷумҳурӣ шудан имконоти васеъ дорад ва имсол муваффақ хоҳад шуд. Ҳамчунин дастаи «Регар» ТадАЗ , ки беҳтарин тими футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, талош дорад, бори панҷум унвони қаҳрамониро соҳиб шавад.Аз ин рӯ мубориза барои дарёфти медалҳои тиллои мусобиқот аслан миёни «Вахш» ва «Регар» ТадАЗ шиддат хоҳад гирифт.»

ВА АЗ МАЙДОНҲОИ БАСКЕТБОЛ

Давраи дуввуми лигаи баскетболи Тоҷикистон бо ширкати ҳашт даста оғоз шуд. Мусобиқа дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Дастаи «Зӯҳро-1»-и Душанбе, ки бар «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 97 бар 55 ғалаба кард, бо 16 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифтааст.

Дастаи «Фаэтон»-и Душанбе, ки тими «Ориён»-и Душанберо бо натиҷаи 66 бар 46 шикаст дод, бо 15 имтиёз мавқеи дуввумро ишғол мекунад. Дастаи «Зӯҳро-2»- и Душанбе баъди пирӯзӣ бар дастаи CADA-и Душанбе бо натиҷаи 68 бар 57 бо 14 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад. Даври навбатии мусобиқа рӯзи якшанбеи 18 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG