Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри рисолаи "Ноия"-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ


Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе, дар як конфронси байналмилалӣ китоби ба тозагӣ интишоршудаи Халилулоҳи Халилӣ - донишманди афғон таҳти унвонии «Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва Рисолаи «Ноия» бо «Шарҳи достонҳои «Маснавӣ»-и Мавлавӣ муаррифӣ шуд. Рисолаи мазбур бо кӯшиши Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар - донишманди афғон ва зери назари Ҷӯрабек Назриев, раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ нашр шуд. Аскар Ҳакимов, шоири халқии Тоҷкикистон гуфт, «Ин барои нахустин бор аст, ки ҷузъе аз осори гаронбаҳои маъруфтарин пешвои тасаввуф дар Бухорои Шарқӣ ва аламбардори тариқаи нақшбандия пешкаши аҳли завқ шудааст».

Ибодулло Машрабов, ҳунарманди мардумӣ ва яке аз масъулони конфронси байналмилалӣ гуфт, китоби мазбур дар шинохти шахсияти Мавлоно Яъқуби Чархӣ нақши назаррас дорад: «Мутаасифона то имрӯз дар бораи Мавлоно танҳо тавассути ривоёту қиссаҳои бофта мардум медонист. Ҳамакнун имкон ҳаст, ки дар бораи зиндагинома ва эҷодиёти ин марди наҷиб тавассути асарҳои худи ӯ баҳогузорӣ кунем.»

Дар рисолаи «Ноия», тарҷумаи ҳол, тафсири чанд оёти Қуръони Маҷид ва пораҳо аз «Маснавии маънавӣ» гирдоварӣ шудаанд. Қарор аст, бақия осори Мавлоно Яъқуби Чархиро, ки дар ноҳия Рӯдакӣ, 20 километрии Душанбе мадфун аст, низ чоп бишавад.

Мавлоно Яъқуби Чархӣ аз урафои тариқаи Нақшбандия аст, ки дар асри 14-и мелдодӣ дар Чархи Лугари Афғонистони имрӯза таваллуд шуда, дар марокизи фарҳангии замонааш Ғазна, Ҳирот, Миср, Бухоро таҳсил кардааст. Вай муриди Шайх Баҳоуддини Нақшбанд аст, ки баъдан аз ин орифи отиф хирқаи шайхӣ ба бар кардаву бо амри Баҳовуддини Нақшбанд вориди Чағониён ва ё Ҳисори тоҷикон шуда, бештар аз 40 соли умри хешро сарфи омӯзиш ва иршоди мардуми Ҳисору Хатлону Бадахшон намуда ва дар мавзеъи Сабзикори ноҳияи Рӯдакии имрӯзаи Тоҷикистон аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.
XS
SM
MD
LG