Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA


FIFA - рейтинги нави эътибори тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Мунтахаби Бразилия бо 839 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.Тими Ҳолланд бо 785 имтиёз мақоми дуввум ва дастаи Аргентина бо 778 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд.

Миёни тимҳои қораи Осиё мунтахаби Ҷопон,ки дар бозии хотимавии интихобии Ҷоми ҷаҳон тими Эронро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод, натиҷаи беҳтарин - 716 имтиёз ба даст овардааст.Тими Ҷопон дар рейтинги нави FIFA як зина боло - ба ҷойи шонздаҳум баромад. Вале тими миллии Эрон бо 702 имтиёз се зина поин - ба ҷойи ҳаждаҳум фуромад.

Байни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Узбакистон беҳтарин аст. Ин даста пас аз ғалаба бар тими Кувайт бо натиҷаи 3 бар 2 бо 571 имтиёз панҷ зина боло - ба ҷойи панҷоҳу ҳафтум баромад. Мунтахаби Туркманистон бо 428 имтиёз як зина поин - ба ҷойи яксаду ҳаштум фуромад. Дастаи Тоҷикистон бо 314 имтиёз дар рейтинги нави FIFA як зина боло - ба ҷойи яксаду чилум баромад ва байни 44 тими миллии қораи Осиё дар мақоми бисту ҳафтум қарор дорад.

Тими Қирғизистон бо 262 имтиёз мавқеашро дар зинаи яксаду панҷоҳу дуввум ва мунтахаби Афғонистон бо 53 имтиёз мавқеашро дар зинаи дусадум нигаҳ доштаанд. Мақоми охирин - 204-умро, тими Гуам бо 20 имтиёз ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG