Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотимаи рӯзи саввуми нишасти Маҷмааи кулл


Рӯзи саввуми нишасти Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк, ки дар он сарони кишварҳои дунё умдатан доир ба терроризм суханронӣ карданд, хотима ёфт. Рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар нишаст, терроризмро "вориси идеологии натсизм" номид ва гуфт, Созмони Милали Муттаҳид бояд "маркази аслии ҳамоҳангсоз" барои аз байн бурдани ин падида бошад.
Ҷалоли Толибонӣ раиси ҷумҳури Ироқ иброз дошт, кишвараш ташнаи кӯмакҳои байналмилалӣ дар ростои мубориза бо терроризм мебошад.
Яке аз сухангӯёни дигари рӯзи саввуми нишасти Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид, раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ аз аъзои ин созмон хост, то дар ҳалли муноқишаҳои кишвари ӯ нақши бештар иҷро кунанд. Ҳамтои украинии Михайил Саакашвилӣ, Виктор Юшченко бори дигар ба кӯмаки кишвараш дар мубориза бо терроризм таъкид кард.
Дар нишаст ҳамчунин раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко низ сухан ронд ва Амрикоро муттаҳам намуд, ки сабаби ноамнии саросарӣ шудааст ва Созмони Милалро дасткорӣ мекунад. Қарор аст имрӯз дар нишасти Маҷмааи кулл намояндагони Қирғизистон, Молдова, Узбакистон, Озарбойҷон ва Украина суханронӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG