Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон дар сохтмони Масҷиди ҷомеи Маскав


Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар сохтмони масҷиди нави ҷомеъ дар Маскав ба ду шакл ширкат мекунанд. Бархе аз онҳо, ки дар бинокорӣ таҷриба ва ё омодагии ҳирфаӣ доранд, бевосита дар сохтмон саҳм хоҳанд гирифт ва бархи дигар бо додани пули хайрия ба хазинаи сохтмони ин ибодатгоҳ.
Масҷиди нав барои намозгузории ҳамзамони 6 ҳазор нафар дар канори масҷиди ҷомеъи феълӣ қомат хоҳад кашид. Дар маросими "хишти аввал"-и он раиси Шӯрои муфтиёни Русия Равил Ғайнуддин ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков ширкат карданд. Тарҳи масҷиди навро меъмори шинохташуда Илёс Тоҷиев дар гузашта тарҳи масҷидҳоеро дар Нижегород ва Маскав таҳия намудааст. Ноиби раиси Шӯрои муфтиёни Русия Дамир Гизатуллин ба радиои Озодӣ гуфт, сармояи сохтмон аз хайрияҳои мардумӣ ҷамъ омадааст ва саҳми тоҷикони Русия дар он муҳиму назаррас мебошад.
Тибқи рисолаҳои таърихӣ дар сохтмони масҷиди кӯҳнаи ҷомеи Маскав низ тоҷикон саҳм гирифтаанд. Аз ҷумла тоҷирони бухороӣ на танҳо дар бунёди ин масҷид, балки куҳансолтарин масҷиди Маскав дар кӯчаи Татарӣ саҳми муҳим доштаанд.
XS
SM
MD
LG