Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ислоҳот дар САҲА


Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки сохторҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) баъд аз 30 соли ташкили худ ҳоло ба тағйирот ниёз дорад. Ин созмон соли 1975 дар Ҳелсинкӣ - пойтахти Финлонд ташкил шуда буд.

Намояндагони кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар баъзе масоили сиёсӣ ба яке аз рақибони САҲА мубаддал шудааст ва созмон барои ҳифзи эътибори худ бояд ин воқеъияти ҳолро бипазирад. Ба бовари Ян Ҳерман Ван Ройҷен - таҳлилгари сиёсӣ аз Ҳолланд, ояндаи САҲА ба он бастагӣ дорад, ки он ба хостҳои замона чӣ тавр ҷавоб медиҳад:

"Дар марҳалаи кунунӣ САҲА ба душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст. Масъала ин аст, ки он чӣ тарз метавонад, дар солҳои оянда ин душвориҳоро ҳал кунад. Масъалаи аслӣ аҳамияти сиёсии ин созмон аст. Ҳоло созмони мазкур дар сари дуроҳа қарор дорад".

Як соли пеш Русия аз пардохти ҳаққи узвият дар САҲА худдорӣ кард ва ин созмонро маҷбур сохт, ки дар фаъолияти худ тағйирот ворид кунад. Кишварҳои ғарбӣ розӣ шуданд, ки пешниҳодҳои Русияро биомӯзанд. Яке аз пешниҳодҳо ворид овардани тағйирот дар системаи эҷоди фазои эътимоди низомӣ мебошад, ки баъд аз музокироти тулонӣ соли 1980 роҷеъ ба он тавофуқ ба даст омада буд.

Тибқи муқарароти системаи мазкур навъ ва шумораи нирӯҳои пиёданизом ва ҳавоӣ дар Аврупо маҳдуд мебошанд ва роҷеъ ба анҷоми ҳар амалиёти низомӣ, ё машқҳои низомӣ бояд қаблан хабар дода шавад. Ҳоло чунин низом яке аз аслҳои муҳими таъмини амният дар Аврупо дониста мешавад. Аммо Русия ин низомро кӯҳнашуда арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ки бояд ба ҷои он муқаррароти нав пешниҳод шавад. Акнун, ки масъалаҳои низомӣ ё амниятӣ дар пешниҳодҳои Русия дар мақоми аввал қарор дорад, дипломатҳои Ғарбӣ мегӯянд, ки чунин тарзи масъалагузорӣ метавонад, ҳуқуқҳои башар ва арзишҳои демократиро дар кишварҳои Шӯравии собиқ поймол кунад.

Русия бештар аз дафтари САҲА дар умури назорат ба интихобот хушаш намеояд. Ин ниҳоди САҲА маъмулан баъд аз баста шудани ҳавзаҳои раъйдиҳӣ билофосила назари худро дар бораи наҳваи баргузории интихобот нашр мекунад. Аммо Русия мегӯяд, ки Шӯрои доимии САҲА дар Вена бояд назари созмонро дар бораи интихобот эълон кунад ва ё ба нашр расонад. Баъзе кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки ин созмон метавонад, бо фиристодани гурӯҳи нозирони худ водор созад, ки меъёрҳои интихоботӣ риоят шавад.

Баъзе мақомоти Русия даъво мекунанд, ки нозирони интихоботӣ дар умури дохилии кишвари интихобот мудохила мекунанд. Онҳо Гурҷистону Укроин ва Қирғизистонро мисол меоранд ва мегӯянд, нозирони ғарбӣ дар ин кишварҳо мудохила кардаанд. Аммо коршиносони байналмилалӣ ин идаоро рад мекунанд.

Ҳрер Балян-коршиноси интихоботӣ дар пажуҳишгоҳи мутолеъоти стротегии Женева яке аз онҳост. Вай чунин мегӯяд: "Дафтари мутолеъоти демократии САҲА солҳо, шояд ҳудуди даҳ сол дар ин се кишвар нақзи муқарраоти интихоботӣ ва ҳатто тақаллуб дар интихоботро нишон медод. Дафтари мазкур барои рафъи ин камбудиҳо пешниҳодҳои пурарзиш ироа кард. Вале касе онро ба эътибор нагирифт. Агар ҳам ба эътибор гирифтаанд, хеле кам".

Дархости дигари Русия ин аст, ки бояд САҲА кӯмакҳои иловагии кишварҳои ғарбиро барои таъмини буҷаи худ қабул накунад. Ин гуна маблағҳо маъмулан барои анҷоми тарҳҳои марбут ба эҷоди фазои демократӣ истифода мешаванд. Чун сармоягузориҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусист, Русия наметавонад, тарзи истифодаи онро назорат кунад. Илова бар ин, Русия мехоҳад, САҲА мисли Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо мақоми вижа дошта бошад. Дар он сурат кормандони ин созмон мақоми дипломатро мегиранд. Аммо Созмони Милал ба чунин пешниҳод мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG