Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабсро бо чӣ мешавад иваз кард?


Носирҷон Маъмурзода Масоили татбиқи чораҳои алтернативии ҷазои ҳабс ва коҳиш додани теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон зимни як мизи гирд бо ширкати намояндагони мақомоти давлати Тоҷикистон, коршиносони Бритониё, Қазоқистон, Қирғизистон, Эстония ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вера Ткаченко, раиси намояндагии созмони ғайридавлатии «Ислоҳоти байналмилалии маҳбасӣ» дар Осиёи Марказӣ роҷеъ ба зарурати ин нишаст гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши шумори зиндониён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва норӯшан боқӣ мондани сарнавишти онҳо, созмони вай тасмим гирифтааст, ки чунин як мизи гирдро бо иштироки вакилони парлумони кишвар, масъулини дастгоҳи раёсати ҷумҳур, додситонии кулл, додгоҳи олӣ, вазорати адлия ва коршиносони соҳа дар Тоҷикистон доир кунад.

Ҳамзамон Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи корҳои ислоҳии вазорати адлия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои кишвар ҳудуди даҳ ҳазор нафар ба сар мебарад, ки аз ин миён 468 нафарашон занҳо мебошанд. Оқои Абдулҳақов мегӯяд, баъзан додгоҳ метавонад ба ҷойи эъломи ҳукми зиндон, нафарони муттаҳамро ба ҷазоҳои алтернативӣ маҳкум намояд ва ба ин тариқ барои коҳиш додани теъдоди зиндониён мусоидат кунад:

"Мо мехоҳем, додгоҳҳо бештар ҷазоҳои алтернативӣ муқаррар кунанд, то ки шумори маҳбусон камтар шавад. Онҳо барои гуноҳи андак ҳукми зиндон медиҳанд, агарчӣ метавонанд, дигар ҷазо диҳанд, ба мисли кори иҷборӣ ва ё ситонидани ҷарима."

Аммо Тақдиршо Шарифов, коршиноси масоили ҳуқуқӣ ба ин назар аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани теъдоди зиндониён ногузир шудааст. Вай мегӯяд, дар ин робита бояд ба қонунгузории ҷиноии кишвар як идда тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

Ба иддаои оқои Шарифов, давлати Тоҷикистон ҳанӯз иқтидори нигаҳдории теъдоди зиёди зиндониёнро надорад: "Омили дигар омили сиёсӣ аст. Бояд инро нодида нагирифт, ки агар ҳар қадар нафарони зиёд ба зиндон фиристода шаванд, ин ҳар қадар ба амнияти кишвар хатар дорад."

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Ватанов, муовини раиси Додгоҳи олӣ мегӯяд, ахиран пас аз омӯзиши амиқи вазъи таъини ҷазо, як қарори раёсати Додгоҳи олӣ ба тасвиб расидааст, ки мутобиқи он минбаъд додрасҳо бояд дар ҳукми худ ҳатман ишора намоянд, ки чаро онҳо маҳз ҷазои маҳкум ба ҳабсро таъйин мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Ватанов, баъди ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷиноии кишвар, дар баъзе маврид ҳукми ҷазои ҳабс ба ҷазоҳои алтернативӣ иваз карда шуд: "Баъди тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ бахусус нисбат ба занон ва кӯдакон гузаштҳои зиёд карда шуд ва ин имконият медиҳад, ки ин табақа камтар ба маҳбасхонаҳо афтанд."

Ба қавли Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи корҳои ислоҳии Тоҷикистон, ҳоли ҳозир дар зиндонҳои кишвар 92 маҳбуси мубтало ба бемории Эйч-Ай-Ви нигаҳдорӣ мешавад ва афзоиши теъдоди зиндониён метавонад, боиси хуруҷи бемориҳои дигар гардад. Оқои Абдулҳақов инчунин гуфт, феълан дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа, 90-километрии пойтахти кишвар, 74 нафар нигаҳдорӣ мешавад, ки пас аз муваққатан манъ шудани иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон, ба ҳабси якумрӣ равона гардидаанд.

Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон барои нигаҳдории як маҳбус сеюним сомонӣ, чизе бештар аз як доллари амрикоӣ дар як рӯз ихтисос дода шудааст ва мушкили таъмини онҳо бо сару либос ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки масалан дар Қазоқистон барои нигаҳдории як маҳбус солона ду ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.
XS
SM
MD
LG