Пайвандҳои дастрасӣ

Инқилоб дар низоми ҳифзи иҷтимоии бознишастагон


Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, барои ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа аз сӯи ин ниҳод ахиран лоиҳаи қонун дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа таҳия шудааст. Ба назари коршиносон қабули қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии таъсиси ниҳодҳои ғайридавлатии нафақаро дар кишвар фароҳам месозад.

Сарваршоҳ Муллочаев - муовини сардори бахши молия ва иқтисоди Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, феълан лоиҳаи қонун дар бораи фондҳои ғайридавлатӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад:

"Зарур аст, ки механизми нав ва муассири системаи таъминоти нафақаро таҳия намуда, принсипи кории худро тағйир диҳем, зеро ки ба ҳамаи пешравиҳои имрӯза нигоҳ накарда, дар оянда наметавонем, зиндагии шоистаи нафақахӯронро бо системаи имрӯза пурра таъмин намоем."

Ҳайдулло Абдуллоев сармутахассиси идораи таъйинот ва сиёсати нафақаи вазорати ҳифзи иҷтимоии мӯътақид аст, таъсиси фондҳои ғайридавлатии нафақа кайфияти таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандонро дар кишвар беҳтар месозад: "Ин гуна фондҳо ба баланд шудани ҳаҷми нафақаи бознишастагон мусоидат хоҳад кард. Бознишастагон метавонанд, дар ҳисобҳои махсусе, ки боз мешаванд, сармояи худро гузоранд ва дар пириашон аз он истифода баранд."

Мутобиқи омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 520 ҳазор нафар бознишаста сабти ном шудаанд. Бо вуҷуди афзоиши бахши иҷтимоии буҷаи давлати Тоҷикистон дар як соли ахир бознишастагон дар ин кишвар ҳамоно қишри осебпазир ва фақири ҷомеа боқӣ мемонанд. Мизони ҳадди аққали нафақа дар Тоҷикистон имрӯз 12 сомонӣ ва ё ҳудуди 4 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳадди нафақаи миёна бошад ба 36 сомонӣ ва ё чизе бештар аз 10 доллари амрикоӣ баробар аст.
XS
SM
MD
LG