Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба обу рангу холу хат,чӣ ҳоҷат руйи зеборо.


Солҳои ахир дар Тоҷикистон, теъдоди намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки ба фурӯши атриёт ва марҳамҳо машғуланд босуръат густариш меёбад. Ҳар яке аз ин ширкатҳо, аз қабили Нивея, Орифлейм, Шварскопф ва Ҷилет ба истифода аз роҳу усули мухталифи реклама, дар Тоҷикистон мизоҷони зиёде пайдо кардаанд.

Ҳаводорони бештари маҳсулоти ин ширкаҳо занҳо мебошанд ва онҳо бахусус аз марҳамҳои мухталифи ин ширкатҳо, бисёр истифода мекунанд. Аммо дар бархе аз маворид, истифодаи чунин марҳамҳо аз худ аксуламал нишон медиҳад, пас аз истифодаи онҳо, дар пусти руйи занҳо доғҳои сафед ва обилаву захмҳои мухталиф пайдо мешаванд ва бо масрафи маблағҳои зиёд занҳо наметавонанд, ҳусни худро барқарор кунанд.

Саноъат Шафиева сокини Душанбе, яке аз онҳоест, ки чанде қабл, баъди истифода аз марҳами яке аз ин ширкатҳо ҷиҳати рафъи ожангҳои руй ба ин натиҷа расидааст, ки ба ожангҳои ҷабин ва атрофи чашмонаш, доғҳои сафед илова шудаанд: "Бо нархи 50 сомонӣ як крем харидам ва баъди 5 бор молидан дар пӯсти руям доғҳои сурх пайдо шуд ва баъд ин доғҳо сафед шуданд. Ба духтур рафтам ва бар ивази 800 доллар пӯсти рӯямро табобат кардам, ҳоло ҳам пурра табобат наёфтааст. Ман ба занҳо муроҷиат карда мегӯям, ки эҳтиёт шаванд."

Пизишкони амрози пӯст,мегӯянд, дар аксар маворид ҳолати пӯсти одам ё пайдоиши ҳар гуна доғу ожангҳо дар он, ба вазъи узвҳои дохилии инсон бастагӣ дорад. Аз ин рӯ истифодаи ҳар гуна марҳамҳо, ё ба таъбири маъмул кремҳо, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Абдулло Ташрифзода, пизишки амрози пӯст дар ин маврид, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

"Дар мавриди дар пусти руйи зан пайдо шудани доғҳо ва ожангҳои бемаҳал, бояд ҷигар, гурда ва узвҳои дигари даруниро ташхису табобат кард, на пӯсти рӯйро ба монанди девори кӯҳнае ки рангу бор ва сафед мекунӣ ва баъди чанд вақт боз доғ мезананд."

Абдулло Ташрифзода мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки истифода аз марҳамҳои табиӣ барои рафъи доғу ожангҳои пӯст, нисбат ба марҳамҳои ширкатҳои хориҷӣ, аҳамияти бештар доштааст: "Кишвари мо аз гиёҳҳои табиӣ он қадар бой аст, ки мешавад бо гулу гиёҳи табиӣ пӯсти рӯйро табобат кард, на бо ин кремҳои хориҷӣ, ки аз фоидаашон зарарашон бештар аст."

Мутахассисони соҳаи беҳдошт бар инанд, ки нигоҳубини пӯсти рӯй ба истифода аз марҳамҳо метавонад, натиҷаи дилхоҳ диҳад, дар сурате ки корафтодагон қаблан аз машварати табибон истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG