Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар зинаи охир


Аввалин мусобиқоти байналмилалии варзишҳои бостонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тими мунтахаби Эрон ба анҷом расид. Варзишгарони эронӣ 780 имтиёз ба даст оварданд.
Тими Афғонистон бо 486 имтиёз соҳиби мақоми дуввум шуд. Дастаи мизбон - Тоҷикистон бо 412 имтиёз мақоми севвум ва охиринро ишғол намуд. Ҳамчунин ба ғолибони рақобатҳои инфиродӣ медол ва ҳукми қаҳрамонӣ эҳдо шуд. Ин мусобиқот бо ширкати ҳудуди 40 варзишгар аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар зӯрхонаи ба номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ тӯли се рӯз идома кард.
Саид Амири Ҳусайнӣ, дабири кулли Федератсиони байналмилалии варзишҳои бостонии Эрон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, давраи дуввуми мусобиқот моҳи ноябр дар Эрон баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG