Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз як кӯшиши фурӯши кудак


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат аз фурӯши як тифли навзод дар ноҳияи Турсунзода 80-километраи пойтахти ин кишвар ҷилавгирӣ кард. Бино ба иттиллои дафтари матбуоти вазорат, ду хонуме, ки дар корхонаи алюминийи Турсунзода ба фаррошӣ машғул будаанд, якҷо бо модари тифли навзод бар ивази 650 сомонӣ, бештар аз 200 доллари амрикоӣ даст ба чунин амали ғайриқонунӣ задаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи ҷониб ва ё нафари харидори ин тифли навзод ба далели халал наафтодан дар ҷараёни тафтиш маълумоти бештар ироа накард. Вале вай афзуд, ки модари тифли мазкур дар никоҳи ҳеҷ мард набуда ва шахсияти падари тифли ӯро низ тафтишот дақиқ хоҳад кард.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳарсе хонум бо шумули модари тифли навзод боздошт ва алайҳи онҳо тибқи банди одамфурӯшии қонуни ҷазои кишвар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG