Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки президенти Тоҷикистон дар ду нишасти созмонҳои байнулмилал


лл

Дар аввалин рӯзи сафари худ ба Ню Йорк, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ду ҷамъомади бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ширкат ва суханронӣ кард. Нахуст дар форуме бахшида ба Барномаи рушди ҳазора, ки СММ дар соли 2000-ум ба тасвиб расонда буд, ва сипас, дар маҳфиле бо номи "Гуфтугӯи тамаддунҳо". Дар ин нишастҳо сарони кишварҳо, вазирони умури хориҷӣ ва мақомоти барномаҳои вижаи Созмони Милали Муттаҳид ҳузур доштанд. Президент Раҳмонов аз рафти иҷрои барномаи давлатии коҳиши фақр, ки ҳамроҳ бо сохторҳои СММ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, гузориш дода, аз таҷрибаи кишвараш дар таҳкими сулҳ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҳикоят кард.
Президенти Тоҷикистон дар садри як ҳайъати давлатӣ барои ширкат дар Маҷмуъи умумии СММ дар Ню Йорк ба сар мебарад.
Суханронии асосии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ин ҷо шоми 14-уми сентябр дар толори маҷмаъи умумӣ баргузор хоҳад шуд.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG