Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими Масъуд дар Душанбе


Фахриддини Холбек

Шоми ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бо ибтикори сафорати Афғонистон ва ширкати нафарони расмӣ ва аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва мухлисони тоҷики Аҳмадшоҳи Масъуд дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Довуди Панҷшерӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар оғози маҳфил аз нақши Аҳмадшоҳи Масъуд, сарвари Ҷабҳаи Муттаҳиди Миллии Афғонистон, маъруф ба Эътилофи Шимол дар истиқлоли ин кишвар, амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризми байналмилалӣ ва сулҳи Тоҷикистон ҳарф зад.

Вай афзуд, Аҳмадшоҳи Масъуд, на фақат як фармондеҳи низомӣ, муҷоҳид, балки яке аз шахсиятҳои боризи сиёсати ҷаҳониву тамаддуни ориёӣ буд, ки бо диди ориёӣ ҷаҳонро аз хатароти навин огаҳ кард ва худ пеш аз ҳама ба мубориза бархост ва ҷомаи шаҳодат пӯшид.

Идомаи гуфтаҳои Довуди Панҷшерӣ

Ҷӯрабек Назриев, раиси Пажӯҳишгоҳи мероси хаттии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Афғонистон дар ин кишвар даъват кард, ки аз ин ба баъд рӯзи валодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистону Афғонистон таҷлил ёбад.

Барои шунидани Ҷӯрабек Назриев ин ҷумларо нохун занед.

Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагони кишвар гуфт, Аҳмадшоҳи Масъуд ба низоъи байни тоҷикон аз ду ангеза бархӯрд мекард - аввалан, ватандӯстӣ, ҳамчун як шаҳрванди Афғонистон ба хотири манофеъи стротежики ин кишвар, дуввум, ҳамчун як шахси миллатдӯст, як тоҷик, ки наметавонист аз бадбахтии ҳамқавмони худ дар канор бошад.

Хотираҳои Муҳиддин Кабириро бишнавед.

Оқои Кабирӣ афзуд, соли оянда Тоҷикистон ин шабу рӯз як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ - 15-солагии истиқлоли кишвар, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, анҷумани навбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро ҷашн мегирад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистонро мебояд 5-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро лоақал дар доираи чорабиниҳои анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шоиста ва муассир таҷлил кунад. Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик аз ширкати худ дар конфронси масъудшиносӣ дар Кобул, ки ба таърихи 7-8 сентябри соли равон баргузор гардид, ёдовар шуд. Вай афзуд, шоҳиди таҳавуллот дар масъудшиносӣ гаштааст ва вижагии ин конфронс дар нисбати нишастҳои пешин танҳо сӯгвориву ашкрезӣ набуда, балки таҳлили ҷиддии ҷиҳод ва муқовимати Аҳмадшоҳи Масъуд ва ёронаш будааст.
XS
SM
MD
LG