Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори вазири дифоъи Чин аз Душанбе


Сао Ганчуан - вазири дифоъи Чин, рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо вазири дифоъи ин кишвар Шералӣ Хайруллоев мулоқот ва ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннии миёни ду кишварро баррасӣ кард. Сао Ганчуан пас аз анҷоми мулоқот ба хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон ва Чин дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла низомӣ низ ҳамкорӣ доранд ва ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон низ густариш додани ин ҳамкориҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ аст. Сао Ганчуан аз ҷумла таъкид кард, ки зимни мулоқот бо Шералӣ Хайруллоев ба тавофуқҳои бисёр муҳиме даст ёфтанд. Ба гуфтаи ӯ, дар заминаи омӯзиш додани кадрҳои низомӣ ва табодули таҷриба миёни афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Чин ва Тоҷикистон ҷонибҳо то кунун ба пешрафтҳо ноил шудаанд ва дар оянда қасд доранд, ин ҳамкориҳоро идома бидиҳанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин то кунун барои тақвияти артиши Тоҷикистон чанд маротиба кӯмакҳои моливу техникӣ кардааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG