Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавонон бо гумони узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир


Кормандони хадамоти интизомиву амниятии вилояти Суғд 4 сокини шаҳри Хуҷанд ва навоҳии Спитамену Бобоҷон Ғафуровро ҳангоми паҳн кардани адабиёти Ҳизб-ут-таҳрир дар назди масҷиди ҷомеъи Хуҷанд боздошт карданд. Ба иттилоъи идораи умури дохилаи Суғд, нафарони боздоштшуда ҷавонон буда, ду нафар аз онҳо қаблан барои фаъолият дар ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъи Ҳизб-ут- таҳрир муддатеро дар зиндон ба сар будаанд. Ин манбаъ афзуд, зимни боздошт аз чаҳор тан беш аз ҳафтод нусха адабиёти тарғиботии Ҳизб-ут-таҳрир дарёфт ва мусодира шудааст.
Нафаре аз шоҳидони ҳодиса, мудири мадрасаи исломии шаҳри Хуҷанд Ориф Байзоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Дар рӯзи нуҳуми сентябр, пас аз адои намози ҷумъа аз ҷониби ашхоси номаълум 500- 600 дона адабиёти Ҳизб-ут-таҳрир дар наздики масҷиди ҷомеъи Хуҷанд ба замин партофта шуд. Мо, чанд ходими масҷид, аз ин ҳодиса бохабар шуда, дастҷамъона китобҳоро аз замин ҷамъ кардем ва намозгузоридагон ҳам китобҳоро бардошта, бо номаш шинос шуда, дарронида ба даруни обу гулхорҳо мепартофтанд."
Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, дар ин адабиёт давлатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон барои фишору таъқиби диндорон ва ба хусус аъзои Ҳизб-ут-таҳрир мавриди мазаммат қарор ёфтаанд.
Тайи ҳафтаи ахир ин бори дуввум аст, ки аъзои Ҳизб-ут-таҳрир аз ҷониби мақомоти интизомиии Суғд мавриди боздошт қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG