Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи вижаи филми "Овора"


Филми «Овора» дар деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб наворбардорӣ шудааст ва дар он нақши марказиро Алиҷон Шокиров, як кӯдаки панҷсолаи тоҷик бозидааст. Филми мазбур аз тақдири талхи кӯдакони тоҷик ҳикоя мекунад, ки бо амри тақдир бе падар ба воя мерасанд. Падари қаҳрамони асосии филм низ ба Русия ба мардикорӣ рафтааст. Ӯ бобову бибии нобино ва як буз дорад, ки танҳо бо ахирӣ рози дил мегӯяд. Ва шабҳои бехобӣ ҳамчун ҳамтақдирони худ падарро ба ватан мехонад.
Ҳунаршиносон мегӯянд, дарди қаҳрамони марказӣ дарди атфоли зиндаятим аст ва нақши офаридаи хурсдолтарин ҳунарманд, Алиҷон Шокиров табиӣ мебошад. Алиҷон Шокиров ҳамакнун дар кӯдакистон аст ва пайки барандаи ҷоизаи президенти Тотористон шуданро мо ба модари ӯ Шарқия Алиева расонидем. Вай гуфт: "Ман хеле шодам, ки филми дар чорсолагӣ бозидаи писари ман ҷоиза гирифт. Бидуни ин филм Алиҷон боз дар филми Ҷамшеди Ромишгар "Беҳзод" ҳам як нақши марказӣ бозид, ки ба наздикӣ ба намоиш мебарояд. Ӯ ҳамакнун 5 сол дорад ва дар кӯдакистон аст, биояд ман ҳатман ин хушхабари шуморо ба ӯ мерасонам."
Дар нахустин озмуни синамогарони мусалмон беш аз 150 филм аз 24 мамлакат бо шумули ИМА, Туркиё, Ирон, Миср, Канада, Қатар ва соири кишварҳои собиқ шӯравӣ ширкат доштаанд, ки аз ин теъдод 27 филм ба даври ниҳоии фествал роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG