Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар намоишгоҳи ҷаҳонии "Экспо - 2005"


Ҳайъати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири иқтисодиёт ва тиҷорат Ҳоким Солеҳов дар намоишгоҳи ҷаҳонии "Экспо - 2005", ки дар Ҷопон идома дорад, рӯзҳои хоси Тоҷикистонро боз кард. Маҳсулот ва намунаҳое, ки аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ намояндагӣ мекунанд, аз таъриху фарҳанги миллии тоҷикон ва дастовардҳои саноатии Тоҷикистон ҳикоят мекунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо сарулибоси миллӣ, намунаҳои кори ҳунармандони мардумӣ, таъомҳо ва дастархони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро ба худ ҷалб мекунанд. Вале меҳвари намоишгоҳи Тоҷикистонро дар "Экспо- 2005" ҳайкали 13-метраи Буддо ташкил додааст, ки аз рӯи бозёфти Аҷинатеппа, дар наздикии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон кашф шуда, яке аз сарватҳои Осорхонаи таърих ва мардумшиносии Тоҷикистон мебошад. Нусхае, ки ба намоиш гузошта шудааст, бо сармояи ҳукумати Ҷопон сохта шудааст. Бозёфти Аҷинатеппа яке аз ду бозёфтҳои нодире мебошад, ки пас аз тарконда шудани пайкараҳои Буддо дар Бомиёни Афғонистон аз тарафи Толибон дар соли 2000-ум, аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо карданд.
Дар намоиши "Экспо-2005" ҳамчунин осори наққошон ва устодони кандакаорию ҳаккокӣ низ дар маркази диққат мебошанд. Ҷашни асосӣ дар намоишгоҳи Тоҷиткистон рӯзи 13-уми сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG