Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик ва истиқлолияти миллӣ


Сарнавишти Ҳасан ном мусоҳиби 14-солаамро бароятон мисол меорам,ки бинобар мушкилоти зиндагӣ тарки манзил ва волидайн намуда, барои дарёфти маблағ ба шаҳр омадааст: "Отам нест қатимон, очам қати бибим дар Қурған зиндагӣ мекунанд. Ман бошам аз хона гурехта ба шаҳр омадам, 10 моҳ шуд ина қати ҷураҳом кор мекнум, бозорода салафан мефрушум, мактабам дига намехонам. Агар ҳами падвалода ҷо миёвему ягон чи хурда мере мхов мерем бо саҳар хеста ба кор меарвем. Ман,ки аз майдаҳаким, аз синфи 4 нахондум, барои ҳамин мехом дар оянда ягон бизнесмени пулдор шаваму очамшона ба шаҳр оварда нигоҳубин кунам."
Вале Фирӯз Азимода навраси 14-сола ва ҳамсоли истиқлоли Тоҷикистон бо доштани дониши мукаммал ва тафакуру зеҳни тез аз дигар ҳамсолони худ фарқ мекунад. Ӯ бо барномаҳои компютерӣ ба хубӣ ошноӣ дорад. Ва барои ин ҳама аз волидонаш минатдор аст,ки барояш шароити хуби таълиму омузишро фароҳам овардаанд. "Ман 3 рӯз аз истиқлолият пештар таваллуд шудаам ва медонам, ки истиқлолият соли 1991 дар Тоҷикистон шудааст ва вақте,ки иттиҳоди Шуравӣ барҳам хурдааст Тоҷикистони мо чун як давлати хурд дар харитаи ҷаҳон ҷо гирифт. Аз рӯи хондаҳоям медонам,ки вақти тавалуди ман вақти хеле вазмин буд ва падару модарам хеле танқиси мекашиданд. Аммо имрӯз бо ба даст овардани истиқлолият зиндагиамон хуб аст ва падару модарам кушиш мекунанд барои мо ҳама шароитро фароҳам оваранд." Аммо дар тафовут аз солҳои қабл аз истиқлолият имрӯз ҷавонон дар арсаи сиёсат нисбатан озод ва дорои андешаву назари мустақиланд. ва онҳо имкон доранд дар кулли чорабиниҳои сиёсии кишвар аз ҷумла дар интихоботҳо фаъолона ширкат варзанд.чунин андеша дорад Зарафои Раҳмонӣ яке аз аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба назари ҷавонони имруз нисбат ба ояндаи Тоҷикистон бетафовут нестанд ва онҳо дар ҳама бахшҳои кору зиндагӣ ҳузури фаъоли сиёсӣ доранд. хонум Раҳмонӣ бо ишора ба ин матлаб меафзояд ин ҳама аз неъмати истиқлол аст ки имруз дар кишвар ба мушоҳида мерасад. Дар тақвият хонум Раҳмонӣ мегуяд имруз 60 фисади узви ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ва аммо бархе аз сиёсатмардони тоҷик бар ин назаранд ки баръакс таваҷҷӯҳи ҷавонон дар чанд соли охир ба ҳаёти сиёсии кишвар коҳиш ёфта ҳузури онҳо ба таври назаррас дар арсаҳои сиёсӣ камранг гаштааст. Коршиносон яке аз далоили чунин вазъро ба замони ҷанги шаҳрвандӣ ва паёмадҳои номатлуби он марбут медонанд.
Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо лаҳни таассуфбор мегуяд на ҳукумат ва на ҳизбу созмоне барномаҳои мукаммали ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро рӯи даст надоранд. Вале дар ин Зимн Зарафо Раҳмонӣ таъкид месозад,ки то ҳол худи истиқлолиятро мо ба таври комил ба даст наовардаем ва дар таъмини истиқлоли пурра ширкати ҷавонон хеле бузург аст.
"Истиқлолияти комиле, ки хоси фарҳанги милли тоҷик аст, то имрӯз пурра нест ва фикр мекунам, ки боз ҳам ана ҳамин қувваи ҷавонони тоҷик лозим аст,ки онҳо бо якдигарфаҳмӣ, меҳанпарастии худ истиқлолияти комилу воқеиро ба даст биоранд."
Аммо иқтисодшиносон мӯътақиданд ки саҳми ҷавонон таи солҳои истиқлолият аз ҳама бештар дар соҳаи иқтисодии кишвар назаррас аст. Онҳо мегуянд вазъи душвори иқтисодӣ, ба хусус бори вазнини рузгору зиндагӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки ба соҳибкорӣ ру биоранд ва имрӯз аксарият аз ин тариқ аллакай дар зиндаги роҳи худро ёфтаанд. Қурбон Раҳимови 24-сола яке аз ташкилкунандагони тарабхонаи маъруфи пойтахт мавсум ба "Белый аист" мегӯяд, чунин имкон барои онҳо дар пайи ба даст омадани истиқлолият фароҳам гаштааст.
"Истиқлолият ба мо чунин шароити хуби кори ва пешравиҳои нав ба навро овард. Боз барои мо имконият пайдо шуд, ки мо як соҳаи кори худ, яъне соҳибкориро равнақ диҳем. Мо ҳам танҳо барои рушди давлати худ хизмат кунем ва истиқлолият зарур аст барои ҳар як халқу давлат.»
Бояд гуфт, қисми бештари ҷавонони тоҷик тайи солиёни ахир рӯ ба муҳоиҷирати корӣ ба берун аз кишвар овардаанд. Тибқи омори расмӣ ҳудуди 500 ҳазор ва аз руи маълумоти ғайрирасмӣ ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба кишвар наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ ворид мегардад..
Дар ҳамин ҳол бо рушди фанновариҳои муосир,аз ҷумла Интернет ва ширкатҳои мобили дар Тоҷикистон таи солҳои истиқлолият ниёз ба мутахасисони ҷавон ки ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳанд афзоиш ёфтааст. Теъдоди ширкатҳои мобили дар кишвар имрӯз гуфта мешавад ба 12 то расида, имрӯз шумори истифодабарандагони хадамоти ширкатҳои мобили 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Баҳриддин Наҷмиддинов бо вуҷуди ҷавон будан раҳбарии яке аз ширкатҳои пешгоми мобилии Тоҷикистон-Индигоро бауҳда дорад.
"Ҳамон давраҳо танҳо як навъи алоқаи бесим буд ва мо медидем, ки ба нархҳои гаронашон нигоҳ накарда тамоман афзоиш намеёфтанд,танҳо дар ҳудуди Душанбе каме ба назар мерасиду халос . Ҳамин идея ба мо омад ва мо чанд нафар ба хулосае омадем,ки як бизнес-план ташкил карда, ба созмонҳои хориҷи пешниҳод кунем,ҳамин корро мо кардем ва имрӯз ширкати Индиго бо хизматрасониҳои нав ба нав халқро таъмин месозад."
Аммо Фирӯз Азимзода, навраси 14-солаи тоҷик мегӯяд орзуи ягонааш Президент шудан аст, мехоҳад бо донишу маҳорати хеш мусоидат намояд, ки Тоҷистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил гардад.
XS
SM
MD
LG