Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Олег Дерипаска бо раисиҷумҳури Тоҷикистон


Раиси ширкати "Русский Алюминий" Олег Дерипаска рӯзи панҷшанбе, вақте ки аз мулоқоти дусоатааш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов берун меомад, ба хабарнигорон гуфт, ин ширкат аз охирҳои соли равон ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун шурӯъ хоҳад кард. Оқои Дерипаска гуфт, тамоми асноди лоиҳавӣ барои шурӯъи сохтмон таҳия ва куллия корҳои зербиноӣ дар маҳалли сохтмони Роғун анҷом шудааст, вале таърихи шурӯъи сохтмонро бояд ҳукумати Тоҷикистон таъйин кунад. Олег Дерипаска гуфт, ширкати вай ба бунёди Роғун беш аз 1 миллиард доллар сармоя ҷудо мекунад. Олег Дерипаска бо президенти Тоҷикистон масъалаи бунёди корхонаи нави арзиз дар вилояти Хатлон ва таъсиси ду коргоҳи дигар дар заминаи корхонаи алюминсозии Регарро низ баррасӣ кардааст, ки ҳазинааш тақрибан 600 миллион доллари дигарро ташкил хоҳад дод. Аммо Олег Дерипаска дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "Русский Алюминий" қасди хусуисгардони корхонаи алюминсозии Регарро надошт ва надорад.
XS
SM
MD
LG