Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як шарҳванди Русия бо иттиҳоми сирқати пули Бонки Миллии Тоҷикистон


Ходимони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми сирқати маблағи давлатӣ бо миқдори бузург боздошт кардаанд. Тибқи иттиллоъи дафтари матбуоти вазорати умури дохила, шаҳрванди Русия, ки сарвари созмони хайриявии мавсум ба "Бактрия" буда ва дар Душанбе муваққатан ба сар мебурдааст, бо таҳияи як шартнома миёни Бонки Миллӣ ва созмони мазкур ин миқдори маблағро аз худ кардааст. Маҳмадулло Асадуллоев, корманди маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: "Владимир Семёнов дар пайи имзои ин шартнома ба гирифтани 150 ҳазор доллари амрикоӣ қарз даст ёфта, ин қарзро барнагардонида, аз худ кардааст."

Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, Бунёди хайрияи «Бактрия» соли 1997 22 мошини худрави ёрии таъҷилиро ба Тоҷикистон ворид, вале аз пардохти боҷи гумрукӣ саркашӣ кардааст. Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ки хисороти расида аз напардохтани боҷи гумрукӣ ба даҳҳо ҳазор доллар баробар будааст. Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир аз сӯи мақомоти тафтишотӣ алайҳи Владимир Семёнов, сарвари бунёди хайриявии "Бактрия" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ва бозрасӣ оғоз шудааст.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG