Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Партовистон -- каломуш -- вабо


Масъулини кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, хатари бештар барои одамон адами партовгоҳҳо будааст, ки тӯли солҳои ахир тақрибан аз байн рафтаанд. Дар ҳамин маврид, танҳо дар шаҳрҳои бузургтари мавзеъ, ба вежа марокизи маъмурии ноҳияҳо партовгоҳҳо боқӣ мондаанд. Вале онҳо низ тақрибан поккорӣ намешаванд.
Ҳасан Амиров- сардои бозрасии муҳити зисти гурӯҳи навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯяд, дар шаҳр партовггоҳҳо тӯли ҳафтаҳо поккорӣ намешаванд. Аз сӯи дигар дар шароите, ки дар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ва зумрае аз кишварҳои собиқи шӯравӣ партовгоҳҳо коркард мешаванд, дар Тоҷикистон бо шумули 12 ноҳияи Кӯлоб корхонаҳои коркарди партоб вуҷуд надорад.
Ба иттилоъи Эмомалӣ Бобохонов, сардухтури бемористони амрози сироятии Кӯлоб дар мавзеъ дар қаблан пайваста эпидемияҳо сар мезадаанд.
Ба фикри худи мардум, будану набудани партовгоҳ роҳи ҳалли масъла нест. Муҳим он аст, ки мардум ба партовгоҳҳо чи назар доранд, оё пасмондаҳоро ба қуттиҳо мерезанд ё на. Ва дар сурати набуди қуттиҳо пасмондаро куҷо мекунанд? Гӯш диҳем ба Аслиддини Нисориддинов, як сокини ноҳияи Данғара:"Ман дар маҳаллаи Шарк зиндагӣ дорам. Дуртар аз хонаам як богча кардам, ки дар он гулу гиёҳ мепарварам. Мардум, ки партовгоҳ надорад, пасмондаҳоро сари боғи ман мерезад. Мардуми мо фарҳанги шаҳрдориро аз даст додаанд. Аз сӯи дигар бархе лоилоҷ пасмондаҳоро ба ҷӯе мерезанд, ки аз паси кӯча равон аст. Чи кунем, дигар ҷое надорем. Аз ин ҷӯ об мегузарад. Дар поёноби он бозор аст. Бозориҳо бо ин об сабзавоту тарбузу харбуза тар мекунанд. Аз ин сабзавот мардум истеъмол мекунад."
Дар ноҳияи Сарбанд, воқеъ дар 12 километрии шаҳри Қурғонтеппа вазъ бадтар аст. Ҳанифа Тураева сокини маҳаллаи Нефтободи ин мавзеъ мегӯяд: "Партовгоҳҳоро дар шаҳраки мо умуман пок намекунанд. Ман шахсан надидаам, ки онҳоро тоза карда бошанд. Дар натиҷа бӯву таффи дамгир дар кӯчаҳо ҳукмфармост."
Ва аммо набуди партовгоҳҳо на танҳо теъдоди магасро дар шаҳраку марказҳои шаҳрнишин зиёд кардааст. Ҳанифа Тӯраева, мегӯяд, каломушҳо афзудаанд ва онҳо ҳатто ба одамон ҳуҷум мекардаанд: "Хонаҳо пури каломуш ва магас шудааст ва каломушҳо ба кӯдакони гаҳвора ҳуҷум мекунанд!"
Вазъи хидматрасонӣ дар самти поккории павртовгоҳҳо печида мегардад. Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ вазъ тақрибан ҳамонгуна аст, ки дар Кӯлобу Қурғонтеппа мушоҳида кардем:
Азизаи Муким сокини маҳаллаи Яккачанори Душанбе: "Болои партвогоҳҳо хона месозанд ва мо маҷбурем, ки қуттиҳои пасмондаро бардошта то чанд километр роҳ равем. Ҳамасола партовгоҳҳо кам мешавад ва мардуме ҳастанд, ки барои одамон сад мегузоранд, ки пасмондаатро дар партовгоҳи пеши хонаи ман напарто. Пас онро куҷо кашем? Ба куҷо партоем? Дар натиҷаи ин худсариҳо тамоми маҳалла партовгоҳ шудааст! Одамон партовҳоро ба куҷое рост омад, мепартоянд. Ин вазъ то кай давом мекунад?»
Сокинони Душанбе мегӯянд, ба ин сабаб дар пойтахт теъдоди каломушҳо зиёд шудааст. Ва аммо Усмон Ҷумъаев, мудири шуъбаи беҳдории корхонаи воҳиди давлатии "Дезинфексия", мегӯяд, соли ҷорӣ бар асари як амалиёти қавӣ теъдоди каломушҳо дар пойтахт кост. Аммо коҳиш ночиз аст. Як каломуш, ки се сол умр мебинад, тӯли сол 4 бор ҳомила шуда, аз 4 то 16 бача мезояд. Аз ин теъдод дастикам 8 муш зинда мемонад. Дар як сол як каломуш аз худ то 32 насл боқӣ мегузорад. Тӯли умр, яъне дар 3 сол як каломуш то 100 бача ба дунё меорад. Ин дар мавридест, ки ҳар бачаи он дар семоҳагӣ то 16 насл мегузорад! Барои заҳролудкунии онҳо бештари мардум аз дорувори чиноӣ кор мегирад, Мутахассисон мегӯянд, ин дар мавридест, ки заҳрҳои кимиёвии чиноӣ дар аксар маврид аз ташхиси лабораторӣ нагузаштаанд. Аз сӯи дигар заҳрҳои кимиёвӣ дар тамомии дуконҳои бозорҳои ғизо ва либосворӣ ба фурӯш мераванд, ки қатъан манъ аст! Ҷумъаев мегӯяд, дар пойтахти кишвар агар теъдоди каломуш костааст ва аммо навъи ҷадиди он мушоҳида шудааст. Дар баробари каломуши туркистонӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ватан доштааст, дар пойтахт гунае аз навъи хокистарранг он ҳам мушоҳида шудааст.
Мутахассисон мегӯянд, барои афзоиши теъдоди калламушҳо дар кишвар "ҳамаи шароити мусоид фароҳам омадааст!". Ин аз як ҷониб партовгоҳҳо бошанд, аз сӯи дигар афзоиши саноати ғаллакорӣ дар акнофи шаҳрҳо будааст.
Аҷиб аст, ки пунбакорӣ теъдоди калламӯшро кам мекунад. Зеро бар асари шудгори пайвастаи замин хонаи калламӯш вайрон мешавад. Аз сӯи идгар пунба дархӯрди калламӯш нест ва онҳо аз гуруснагӣ мефавтанд. Мутахасисон мегӯянд, калламӯш то се рӯз беш ба гуруснагӣ тобовар нест ва маҳв мегардад. Ва аммо заминҳои ғалла ва шолӣ мусоидтарин шароит барои афзоиши насли калламӯш будаанд. Ва ба гандумзору шолизор табдил ёфтани заминҳои акнофи шаҳрҳо теъдоди калламӯшҳо низ меафзояд!
Афзоиши каломуш дар Точикистон, ки барои ин синфи хоянда шароити хеле мусоид дорад, боз ҳам хатарзост. Ҳамакнун масуълин бонги хатар мезананд, ки дар кишвар калламӯши хокистарранг зиёд мешавад, ки қаблан мушоҳида нашдааст. Калламӯши хокистарранг аз ҳамзоти туркистонии худ фарқи ҷиддӣ дорад ва ба шароити сангин зуд мутобиқ мешавад ва аз одам намегурезад. Усулан калламушҳое, ки дар биноҳову ҳаволии мардум ба сар мебаранд, ба хонаводаи калламӯши хокистарранг шомиланд.
Ва аммо каломӯшҳо оё ягон нафъе ба ҷамъият доранд ё на? Усмон Ҷумъаев мегӯяд, доранд! Онҳо партовгоҳҳоро хӯрда поккорӣ мекунанд ва аз фарогиршавии бархе амрози сироятӣ ҷилавгир мешаванд. Аммо ба шарте ки афзоиши саршумори онҳо таҳти назорати қавӣ қарор дошта бошад ва худи синфи хоянда сабаби паҳншавии амроз нагарданд. Мутахассисин мегӯянд, ки синфи хоянда, ба вижа каломушҳо дар таркиби худ барангезандаи марази хавноктарини тоун ё ваборо доранд. Вабо аз заҳри кайку канаҳои бадани каломуш пароканда мешавад. Аз вабон тӯли асрҳо миллионҳо нафар фавтидааст.
XS
SM
MD
LG