Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иди истиқлолият: Паёми табрикии президенти Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи идона бахшида ба 14-умин солгарди истиқлолияти кишвар иштирок ва суханронӣ кард. Вай бо ситоиш аз дастовардҳои замони истиқлолият гуфт, воқиф намудани насли имрӯзу фардои тоҷик аз фарҳангу тамаддун ва осори мутафаккирони гузашта роҳе ба худшиносии миллист. Раҳмонов ҳамчунин гуфт, пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат аст. Ба гуфтаи вай, агар миллат офарандаи сарватҳои моддию маънавӣ бошад, забонаш низ бобақо ва соҳибнуфуз хоҳад монд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба хатарҳои эҳтимолии таназзули давлатдорӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон ишора кард. Вай афзуд, масъалаҳои амнияти миллӣ ва давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар бағоят муҳим мебошанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, терроризм як зуҳуроти манфур ва номатлуби ҷаҳони имрӯзро ба миллат ва ё мазҳаби хос тааллуқ додан хатост. Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, доираҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон ба назар намегиранд, ки пояи маънавии ислом сулҳу амният буда, оини мазкур ҳама гуна амали ифротгароёнаро маҳкум мекунад.
Дар поён раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳар шаҳрванди кишвараш даъват кард барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият ҳамвора талош варзанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG