Пайвандҳои дастрасӣ

Иди истиқлолият


Рӯзи 9-уми сентябр дар ҳақиқат бузургтарин иди тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар давраи шӯравӣ низ мо, тоҷикон, ҳисси баланди миллӣ доштем. Инро дар эҷодиёти бисёре аз шоирони мо дидан мумкин аст, ки наслҳои баъдиро дар ҳамин рӯҳия тарбия карданд. Ин андеша, ки каму костии зиндагии имрӯзаи мардуми мо нишонаи набуди мустақилияти комил аст. дуруст намебошад. Мо бояд фахр кунем, ки Тоҷикистонро имрӯз дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Бубинед, раиси ҷумҳури мо дар иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ мекунад. Ин далели он аст, ки тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ эътибор доранду аз мо низ мушкилоти сайёраро пурсон мешаванд.
Бояд бо каму беши ватан шукр ва ба ҳастияш ифтихор кунем. Ва барои ҳалли мушкилоти иқтисодии он ҳама якҷоя бикӯшем.
Иди истиқлолиятро ба ҳамаи ҳамдиёрон муборак мегӯям.
Мирзоалӣ Миралиев,
Кобул, Афғонистон

-----------------------------------------------------

Ман ба он фикрҳое, ки мӯҳтарам Озодихоҳ ва Назар ин ҷо баён кадаанд, сад дар сад зид ҳастам. Мо, тоҷикон, пас аз 1000 сол акнун ба истиқлолият расидем. Ин фақат оғози роҳ аст ва ҳамагон медонанд, ки дар ин оғоз ба сари тоҷикон чи балое омад. Барои истиқлолият ҳамаи мо ва ҳар яки мо бояд бисёр кор кунем, на ин ки фақат ҳама чиро танқид кунему бад аст гӯем. Русҳо мегӯянд, роҳро касе то охир меравад, ки роҳ равад. Мо фақат ҳамдигарро сиёҳ мекунем ва аз ҷанге, ки ба сарамон омад, сабақ нагирифтаем.
Бо эҳтиром,
Мӯҳсини Ҷаббориён, шаҳри Маскав
-------------------------------------------------
Истиқлолият на фақат ид аст. Он шахсе ки ватани худро дӯст медорад ва номуси миллӣ дорад, дар ин рӯз аз нав таваллуд мешавад. Оллоҳи бузург нигаҳбони Тоҷикистон!
Тоҷики Фахрӣ
-----------------------------------------------
Бо Назар сад дар сад розиям. Истиқлолият бе озодии ҳар як шахс, бе адолат, бе риояи ҳуқуқи иинсон ва ғайра маъно надорад. Барои мардуми оддӣ ин мисли аз як намуди ғуломӣ ба дигараш гузаштан аст.
Охир, Худованд давлату ҳукумат наофаридааст, балки одам офаридааст. Одам дар навбати худ бо мақсади расидан ба орзуи деринаaш (озодӣ, адолат, волоияти қонун ва қонуни одилона ва ғайра) ҳукумату давлат месозад.
Озодихоҳ
----------------------------------------------

Истиқлол аз чӣ? Истиқлол барои сарбаландию беҳрӯзӣ, баробарӣ, аз байн бурдани фосила байни камбағалу сарватманд, табйиз, зулму истибдод, ришва ва фасоду коррупсия, худкомагию худбинӣ, қонун барои бечорагон, нобаробарию ноадолатӣ, тазвиру зоҳирбозӣ, харҷҳои беҳуда...
Не, ҳанӯз ба ин арзишҳо нарасидаем ва ин гуна истиқлол низ. Агар раванд ҳамин бошад, ки дорем, пас баракс дур шуда истодаем.
Назар
-----------------------------------------------

Дар миёни шореҳони ғарбӣ ақидае роиҷ аст, ки истиқлолият дар Осиёи Марказӣ бидуни талоши сиёсӣ, аз ҷумла муқовимат ё мухолифат ба низоми коммунистӣ ба даст омадааст. Аммо ин ки дар Тоҷикистон дарҳол пас аз эълони истиқлолият гурӯҳҳои зиёд ва гуногун ба саҳна омаданд, нишон медиҳад, ки истиқлолталабӣ дар ҷомеа ҳамеша ҳузур дошт. Вале муборизони роҳи истиқлолият бар асари ҷанги дохилӣ шикаст хӯрданд. Акнун ҳарчанд расман кишвари мо соҳиби истиқлолият аст, дар асл пойбандӣ ба "Бародари калон" ҳамоно боқист ва махсусан аз лиҳози иқтисодӣ бештар мешавад. Ҳам аз он ҷо ки садҳо ҳазор нафар маҷбуранд дар Русия кор кунанд ва ҳам аз он ҷо ки барномаҳои асосии тавлиди барқи кишвар ба дасти дигарон мегузарад.
Наврӯзи Некбахтшо, пажӯҳишгари улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Дюкен, Питтсбург, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
-----------------------------------------------
Ман агар қудрат ва тавонияшро медоштам, ба муносибати Иди истиқлолият ба ҳамаи намояндагони наслҳои гузашта, ки бо ҳар роҳу восита барои истиқлолияти кишвари мо кӯшиш карданд ва ба ҳамаи онҳое ки дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ба вижа дар ҷанги шаҳрвандии ахир, дуои нек, зикри хайр ва паёмҳои шодбош мефиристодам.
Мусо Назаров, Лаҳистон
-------------------------------------------------
Аслан Иди истиқлолияти миллӣ дар зеҳни миллати мо ҳамчун маросими муқаррарӣ нақш бастааст. Дар ин рӯз бештари мардум барои сайругашт ба гулбоғу майдонҳои истироҳатӣ мебарояд ва кам касоне ёфт мешаванд, ки ин идро ба якдигар муборакбод гӯянд. Шахсан маро дар ин 14 сол касе ба ин муносибат табрик нагуфтааст ( ба ҷуз роҳбари кишвар тавассути телевизион ва ба таври умумӣ). Хуб мешуд, ин идро мардум ҳамчун Иди миллӣ, Иди худшиносиву худогоҳӣ донанд. Гумон мекунам, дар Тоҷикистон ин ид ба ҷашни шинохти тамаддун ва эҳёи миллӣ табдил меёбад.
Ман аз ин фурсати хеле муносиб ва саривақтӣ истифода бурда, Иди миллатро ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям. Бигзор барои ҳар хонадони кишвар ин рӯз рӯзи шодӣ ва фараҳ бошад.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Додварз
XS
SM
MD
LG