Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми оғози сохтмони Роғун ба таъхир уфтодааст


Маросими шурӯъи дубораи сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки қарор буд, рӯзи 7 сентябр сурат бигирад, то охири моҳ ба ҳоли таъвиқ гузошта шуд. Ношири ин хабар - хабаргузории "Азия Плюс" бо истинод ба манобеъаш дар вазорати энержии Тоҷикистон навишт, ки имкон дорад дар ин маросим сарвазири Русия Михаил Фрадков ҳам ширкат варзад ва як далели таъхир дар иҷрои маросими шурӯъи дубораи сохтмони Роғун ҳамин будааст.

Раиси ширкати "Русский Алюминий"(РусАл) Олег Дерипаска ду ҳафта пеш ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ширкати ӯ барои бунёди нирӯгоҳи Роғун 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷудо мекунад. Ҳамин ширкат барои бунёди ду коргоҳи нав дар корхонаи алюминсозии Регар ва барои бунёди як корзонаи ҷадиди алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон ваъдаи 600 миллион доллар сармояи дигар кардааст.
XS
SM
MD
LG