Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми президентро кӣ ба даст овард?


ТЕННИС. Нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни варзишгарони синнашон то 12-сола барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки бо ширкати теннисбозони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустону Чин дар шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз идома кард, бегоҳи чаҳоршанбе, 7 сентябр ба анҷом расид. Теннисбоз аз Узбакистон Санҷар Файзиев дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардид. Вай дар бозии ниҳоӣ бар теннисбози тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Аҳмадҷони Муҳаммад мақоми дуввум ва Дониёр Дулдаеви қирғиз мақоми севвумро касб намуданд. Сабина Шарипова, теннисбози дигари узбак ҳамин тавр, дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон пирӯзӣ ба даст овард. Вай дар бозии ниҳоӣ ҳамватани худ Алиса Огородоваро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Алиса Огородова мақоми дуввум ва Анастасия Пренко аз Туркманистон мақоми севвумро ишғол карданд. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона Дониёр Дулдаев аз Қирғизистон ва Темур Исмоилов аз Узбакистон дар бозии ниҳоӣ бар Денис Евсеев ва Александр Мартинов, ҳарду аз Қазоқистон ғолиб омаданд. Теннисбозони тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев мақоми севвумро ишғол намуданд.Сабқати ҷуфти занона бо пирӯзии Орой Махтумова аз Тоҷикистон ва Евгения Плевако аз Қазоқистон ба поён расид. Ҳарду дар бозии ниҳоӣ бар Райҳон Юсуфохунова аз Қирғизистон ва Анастасия Пренко аз Туркманистон дастболо шуданд. Теннисбоздухтарони тоҷик Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова мақоми севвумро касб карданд. Ба ғолибони мусобиқа Ҷоми президенти Тоҷикистон ва ҷоизаҳо ба маблағи ҳазордолларӣ супурда шуд. Теннисбозоне,ки мақоми дуввуму севвумро ишғол намуданд, мутаносибан бо 800 ва 600 доллар сарфароз гаштанд.

ГУРЗАНДОЗӢ. Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар рақобатҳои гурзандозӣ соҳиби медали нуқра гардид. Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон ин мусобиқа бо ширкати 1200 варзишгар аз 40 кишвари қораи Осиё дар шаҳри Инҷони Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 71 метру 38 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуввумро касб кард. Мақоми аввалро варзишгари Кувайт Алӣ Зенкавӣ бо натиҷаи 71 метру 74 сантиметр ишғол кардааст. Варзишгари дигари тоҷик Аҷмал Амиров дар давидан ба масофаи 5 километр мақоми ҳаштум ва дар давидан ба масофаи якуним километр мақоми нӯҳумро соҳиб гашт. Сотиболдӣ Ҳаитов дар давидан ба масофаи 10 километр дар ҷойи ҳаштум қарор гирифт.

ВА ГУШТӢ. Шоми чаҳоршанбеи 7 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сабқати гуштигирон ба ифтихори ҷашни 14-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бо ширкати паҳлавонони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор шуд.Ғолибон бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардиданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG