Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳон Қурбонов -- қаҳрамони Осиё дар муштзанӣ


Ва як хабар аз ҷараёни нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон. Аҳмадҷони Муҳаммад, теннисбози тоҷик ва Санҷар Файзиев, теннисбози узбак барои ширкат дар бозии ниҳоӣ байни писарон роҳ ёфтанд. Аҳмадҷони Муҳаммад дар бозии нимниҳоӣ бар ҳарифи худ Дониёр Дулдаев аз Қирғизистон ва Санҷар Файзиев бар Денис Евсеев аз Қазоқистон ғалаба карданд. Дар сабқати духтарон Алиса Огородова ва Сабина Шарипова, ҳарду аз Узбакистон ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ сазовор шуданд. Алиса Огородова дар бозии нимниҳоӣ бар Анастасия Пренко аз Туркманистон пирӯзӣ ба даст овард. Ва аммо Сабина бидуни бозӣ бо Чанг Ҷу Чиа аз Чин, ки аз рақобат даст кашид , ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона теннисбозони тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев бо ҳамсолони худ Дониёр Дулдаев, аз Қирғизистон ва Темур Исмоилов аз Узбакистон дар бозии нимниҳоӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.Бозии дуввуми нимниҳоӣ байни ду ҷуфти дигар – Денис Евсеев ва Александр Мартинов,ҳарду аз Қазоқистон ва Абдулло Саидмуҳаммадов ва Санҷар Файзиев, ҳарду аз Узбакистон баргузор мешавад. Теннисбозони тоҷик Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова,ки дар рақобатҳои ҷуфти занона ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфтанд, бо Орой Махтумова аз Тоҷикистон ва Евгения Плевако аз Қазоқистон зӯрозмоӣ мекунанд.
Марат Дулдаев, мураббии тими Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз пазироии хуши мизбонон ва шароити фароҳамсохтаи онҳо барои меҳмонон изҳори миннатдорӣ кард, вале аз доварии ҳакамони Тоҷикистон дар баъзе бозиҳо, бахусус дидори шогирдаш Дониёр Дулдаев бо Аҳмадҷони Муҳаммад норизоиятӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ хуб мебуд ба ҳайати доварон намояндагони кишварҳои дигар низ шомил мешуданд. Зеро, афзуд ҷаноби Дулдаев , чунин мусобиқаи байналмилалӣ бояд бо риояти довариҳои одилона сурат бигирад.
Ғолибони нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 7 сентябр муайян мешаванд.
XS
SM
MD
LG