Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо ба Амрико мераванд?


Фахриддини Холбек

Бо даъват ва пуштибонии молии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон наздик ба 70 шаҳрванди Тоҷикистон тибқи барномаҳои омӯзишӣ дар соли хониши 2006-07 ба Иёлоти Муттаҳида сафар хоҳанд кард. Ҷон Ларсен, сухангӯи сафорати Амрико гуфт, ҳадафи ин барнома мусоидат ба шинохти воқеии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Аз сӯи дигар ин як дастгирии рушди иқтисодиву демократия дар кишварҳои Авруосиё мебошад. Вай афзуд, барои гузиниши ширкатдорон озмун сурат мегирад. Дар ин озмун сатҳи ҷаҳонбинӣ, истеъдоди сарварӣ, донистани забони англисӣ ва савияи дониши ихтисосии хоҳишмандон баррасӣ мешаванд.
Тарҳи нав аз панҷ барнома иборат аст. Инҳо -- омӯзишии муҳассилини макотиби миёна бо номи "Лидерони оянда", такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, Барномаи донишҷӯёни Авруосиё "U-Grad", Барномаи идрорҳои "Маски" ва "Ҳамфрӣ" барои мутахассисон ва идрорҳои Фулбрайт барои омӯзгорони ҷавони забони англисӣ. Ба гуфтаи ин манбаъ, баъд аз шурӯъи фаъолияташ Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе наздик ба 1700 нафар шаҳрванди ин Тоҷикистонро барои таҳсил ва ошноӣ ба Иёлоти Муттаҳида фиристодааст.
XS
SM
MD
LG