Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли сеюми мусулмонони Бритониё


Дар шимоли шаҳри Лондон аз соли 2002 ин тараф як созмоне бо исми Helpline ё Мададгори ҷавонони мусулмон фаъолият мекунад, ки мубориза бо мамониатҳои иҷтимоиву маҳрумиятҳо ва поймолшавии ҳуқуқҳои мусулмононро аз ҳадафҳои худ қарор додааст. Барои расидан ба ҳадафҳояш ин созмон гурӯҳи 50-нафараи ҷавононро ба кор ҷалб намуд. Имрон Сайифна, мудири иҷроияи ин барнома мегӯяд, ба андешаи ӯ, Бритониё барои нодида гирифтани мушкилоти мусулмонони ин кишвар ҷавоб гуфтааст. "Тасаввур кунед тифлеро, ки дар мизи ақиби синф нишаста дасташро пайваста барои ҷавоб додани дарс боло мекунад. Ӯро нодида мегиранд, ӯ медонад, ки агар садо баланд кунад, омӯзгор қафо гашта ба ӯ менигарад. Агар ба ифрот даст занад, омӯзгор гашта мепурсад: "Хуб, чӣ шуд?", "Ту чӣ мехоҳӣ?". Азбаски ӯ оромона нишаста, дасташро боло кардааст, касе ҳеҷ гоҳ аз ӯ суол намекунад. Ӯ дар ҳамон қисмати қафои синф мемонад, дар ҳоле, ки ӯро нодида мегиранд"
Хабарнигори Озодӣ Роберт Парсон, ки бо ин шахс ва афроди дигар дар Лондон сӯҳбат кардааст, мегӯяд, мавқеи мусулмонон, эҳсосот ва назариёти онҳо, ба вижа дар масъалаи ҷанги Ироқ нодида гирифта шуд. Дар як пурсиши ӯ, ки дар маҳалли Вайтчапел Маркет, макони таҷаммӯъи шумори зиёди мусулмонон дар Лондон дойир шудааст, ин рӯҳия рӯшан эҳсос мешавад:
Мард: "Онҳо дар Ироқ мардуми зиёди бегуноҳ - кӯдакону занонро мекушанд. Онҳо занонро таҷовуз мекунанд. Онҳо атфоли хурдсолро мекушанд"
Марди дигар: "Шумо бояд бифаҳмед. Одамон бе сабаб омада дар кишвари шумо инфиҷор намекунанд. Шумо алайҳи онҳо ҷанг эълон кардед, онҳо ҳам дар посух ба шумо ҷанг эълон мекунанд. Тамоми аъзои як оила нобуд гардид, танҳо тифли 10-сола зинда мондааст. Шумо фикр мекунед, ин тифли даҳсола бояд чӣ кор кунад? Фикр мекунед, ки ӯ ба кишвари шумо омада ба шумо даст медиҳад? Ман чунин фикр намекунам. Ин танҳо оғоз аст. Ман рӯзи дигараш телевизионро тамошо кардам. Онҳо гуфтанд, Ал Қойида тахминан 2 ҳазор маргталабро омӯзиш додааст. Ин масъала танҳо вақт мехоҳад"
Тони Блэр, нахуствазири Бритониё мавҷудияти ҳама гуна робитаро миёни руйдодҳои Ироқ ва таркишҳои Лондон рад кардааст.
Абдураҳмон Малик, яке аз сардабирони маҷаллаи "Q-News", ки ҳадафаш маърифату тарбияти ҷавонони мусулмон дар Бритониё мебошад, оид ба ҷаҳонбинии насли имрӯзаи мусулмонони ин кишвар гуфт: "Онҳо як насли бештар аз дигарон ҷаҳонишуда мебошанд. Онҳо ҳувияти мусулмонӣ доранд. Вақте ҳазорҳо мусулмони Босния ба қатл расиданд, фикри ин ки гӯё мусулмонони шаҳри Бредфорди Бритониё ба ин рӯйдодҳо бетафовут буданд, аслан масхараомез буд. Онҳо шадидан нороҳат буданд. Ин як таҷрибаест, ки онро ҳамчун ҷарёни бунёди ҳуввият номидан мумкин аст. Мо бояд дарк кунем, садои хеле пасте, ки шунида мешавад, аслан як ғурриши баланди фарёди ҳамин ҷавонони мусалмон аст. Ба фикри ман, ҳамин ғуррише, ки ба гӯш мерасад, ғурриши ҳувият аст, садои вазъи сиёсӣ аст, ки худро бо ифроти илоҳӣ мепайвандад"
Ба андешаи Абдураҳмон Малик, таркишҳои Лондон танҳо ба руйдодҳои Ироқу Афғонистон пайванд намегиранд, тундгароии исломӣ таърихи тулонӣ дорад. Ӯ гуфт, соле ки дар Покистон ба донишгоҳ дохил шуд, ӯву ҳамсолонашро ба гурӯҳҳои мисли "Бародарони мусалмон" ҷалб мекарданд ва таблиғи афкори Сайид Қутб, нависандаи бунёдгарои мисрӣ дар миёни донишҷӯён ҳам яке аз рисолатҳои ин гуна гурӯҳҳо будааст.
Роберт Парсон сафари худро дар як маҳалли мусулмонони Лондон идома медиҳад. Соат 21:15 аст ва Масҷиди ҷомеи минтақаи Брик Лейни Лондон пур аз мардуми намозхон аст - дар миёни онҳо ҷавонон бештар ба чашм мехӯранд. Аксари онҳо таркишҳои Лондонро маҳкум мекунанд. Имрӯз дар Бритониё насли сеюми мусулмонон тарбия меёбад, аммо аксари онҳо бо вуҷуди шаҳрванди Бритониё буданашон забони давлатии кишвар - англисро балад нестанд. Малик мегуяд, ӯ бо мусалмонони зиёд робита дорад, ва аммо бо ҷомеаи беруна муоширати маҳдуд дорад. Ӯ мегӯяд, ҳамаи омӯзишҳои тундгароёна берун аз деворҳои масоҷид дода мешаванд, аммо имрӯз ба андешаи ӯ рисолати раҳбарияти мусалмон дигар аст: "Тасаввури исломи бритониёӣ ба ҷуз аз ришу рӯмолу гӯшти ҳалол чист? Ин он суолест, ки аз мо шурӯъ аз соли 1993 мекунанд. Ва хулосаи нохушоянд дар соли 2005 ин аст, ки барои раҳбарияти мусулмонон на терроризм, балки ришу рӯмолу гӯшти ҳалол ҳанӯз ҳам аз масоили муҳим боқӣ мемонанд"
XS
SM
MD
LG