Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон


Дар аксари манотиқи пахтакори Тоҷикистон мавсими нави чиниши пахта ва ё пунбадона шурӯъ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, коркарди бахши асосии ҳосили имсола бояд дар дохили мамлакат сурат гирад. Мақомоти давлат мегӯянд, имсол кишвар нақша дорад, ҳосили пахтаро ба 610 ҳазор тонна расонад. Вазири иқтисодиёт ва тиҷорати Тоҷикистон Ҳаким Солиев гуфтааст, кишвараш мақсад дорад, коркарди пахтаро дар дохили мамлакат зиёд кунад. Тибқи барномаи давлатӣ то соли 2007-ум бояд шароите сохта шавад, ки ними ҳосили пунбадона дар худи Тоҷикистон ба молу коло табдил ёбад. Солиев гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ҳангоми сафари ахираш ба вилояти Суғд, дастур дод, ки дар назди ҳар як корхонаи пахтатозакунӣ, ширкатҳои ресандагӣ ва бофандагӣ таъсис дода шавад. Дар соли гузашта танҳо 28 дарсади пахта дар Тоҷикистон мавриди коркард қарор гирифта, бахши асосии он ҳамчун маводи хом ба хориҷа фурӯхта шуд. Пахта баъд аз алюмин дуюмин маводи содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG