Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти масъулони марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон


ФХ

Дар мулоқоти масъулони марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе роҳҳои таҳкими назорат ба қитъаҳои ташвишовари марзи миёни ду кишвар, аз ҷумла Шӯробод ва Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо ба созиш расиданд, ки дар ин қитъаҳои марз якҷоя амал кунанд. Намояндагони Афғонистон гуфтанд, бо мақсади пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, нирӯҳои худро дар ин бахшҳои марз зиёд мекунанд.
Дар ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи марзбонӣ Сайидамир Зуҳуров, сардори ситоди Нируҳои марзбонӣ Нуралишоҳ Назаров ва аз тарафи Афғонистон муовини вазири умури дохилии Афғонистон Муҳаммад Довуд ва фармондеҳи нируҳои марзбонии ин кишвар Самеъуллоҳи Қатра ширкат карданд.
Нуралишо Назаров ба радиои Озодӣ гуфт, ин бахшҳои марз ба макони нигаҳдорӣ ва пинҳонгоҳи гурӯҳҳо ва қочоқбарони алоҳидаи маводи мухаддир ва ҷойи додуситад табдил ёфтааст. Танҳо дар моҳи гузашта тоҷик дар ин ҷо зиёда аз 170 килограм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд. Дар мулоқоти масъулони марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчунин дар робита ба фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ ва бозорҳои наздимарзӣтабодули назар сурат гирифт.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG