Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов Ҷоми Президентро боз намуд


Рӯзи шанбеи 3 сентябр дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни варзишгарони синнашон то 12-сола барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ширкаткунандагони рақобатҳо - теннисбозони навраси Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон ва Тоҷикистонро бо оғози мусобиқа табрик гуфта, ба онҳо барори кор ва пирӯзиҳо таманно кард. Ҷаноби Раҳмонов дар идома иброз дошт: "Воқеан мусобиқаи варзишӣ воситаест, ки он ҷавононро бо кишварҳои гуногун шинос намуда дар пайдо кардани дӯстони нав ва ба таҳкими дӯстии байни наслҳои ҷавони кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд.Аз ин рӯ варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ мегӯянд. Маҳз бо ин мақсад ва барои густариши варзиш дар байни наврасону ҷавонон мо ин мусобиқаи байналмилалиро дар Тоҷикистон доир менамоем».

Мансур Яҳёев, мураббии калони тими мунтахаби Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишвари Тоҷикистон ҳамчун мизбон дар ин мусобиқа бо ду даста ширкат дорад. Оқои Яҳёев мегӯяд, тими аввали Тоҷикистон аз зӯртарин теннисбозони ин кишвар иборат аст ва мо, бахусус аз Аҳмадҷони Муҳаммад ва Акбари Раҳмон натоиҷи баландро чашмдорем.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Маъруфи Раҳимӣ, теннисбози афғон аз пазироии хуши мизбонони мусобиқа изҳори миннатдорӣ кард. Собир Очилов, мураббӣ аз вилояти Бухорои Узбакистон аз он хушнуд аст, ки тавассути ин мусобиқа аввалин бор ба Тоҷикистон омадааст.

Нахустин мусобиқаи байналмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон бо ширкати ҳудуди 60 варзишгар аз нӯҳ кишвари ҷаҳон дар майдонҳои тенниси назди варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе то рӯзи 7 сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG