Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми президент шурӯъ шуд


Рӯзи шанбеи 3 сентябр дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон байни варзишгарони синнашон то 12-сола оғоз шуд. Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ,ки бо ҳузури хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор шуд, гуфт, дар ин мусобиқа ҳудуди 60 варзишгари навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ҳамчунин Эрон, Ҳиндустон ва Чин ширкат доранд.

Вай афзуд, дар маросими ифтитоҳи мусобиқа,ки бегоҳи шанбе доир мешавад, ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар назар аст. Баҳрулло Раҷабалиев, раиси кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод,ки тибқи низомномаи мусобиқа мизбонон бо ду даста ширкат меварзанд.

Тими аввали мунтахаби Тоҷикистон, аз зӯртарин теннисбозони навраси ин кишвар - Аҳмадҷони Муҳаммад, Акбари Раҳмон, Бахтиёр Саъдуллоев, Ҷамшед Шерматов, Таҳмина Бурҳонова, Азиза Азизова, Парвина Мирзоҳакимова ва Орой Махтумова иборат аст. Ин мусобиқа то 8 сентябр идома хоҳад кард. Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев ширкат дар Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон барои аксари кулли иштирокчиёни ин мусобиқа як навъ санҷишест пеш аз бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни теннисбозони синнашон то сездаҳсола , ки аз 9 то 23 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG